Барномаи васеъмиқёсе, ки се сол муқаддам андешида шуда буд, аллакай самара медиҳад: дар соҳаи хидматрасонӣ барилова 1,5 миллион шаҳрванд соҳиби манбаи даромади муттасил гардиданд, ҳаҷми хидматрасонӣ бошад, аз 19 миллиард доллари соли 2018-ум то ба 65 миллиард доллар афзуд. Суръати баланд, бахусус дар соҳаҳое чун технологияҳои иттилоотӣ, хидматрасонии молиявӣ, сайёҳӣ, авиатсия, таълим ва тиб назаррас мебошад.
Бо вуҷуди пешрафти мусбӣ имконият барои рушди минбаъда хеле бузург боқӣ монда, татбиқсозии имкониятҳо дар минтақа ва соҳаҳо бошад, аксаран самарабахш ба роҳ монда намешаванд.
Чунончи, дар Хоразм ҷалби 6 миллион сайёҳ ба нақша гирифта шуда буд, вале барои ин ҳам хатсайрҳои авиатсионӣ ва ҳам равуои роҳи оҳан кофӣ нест. Ҳамзамон арзиши лоиҳаҳо бо иштироки сектори хусусӣ дар тиб, авиатсия ва энергетика аз 20 миллиард доллар гузашт, ҳол он ки дар соҳаҳои таъминоти оби ошомиданӣ, канализатсия ва сохтмони роҳҳо ин қабил ташаббусҳо амалан нестанд.
Дар машварат мушкилоти мавҷуда таҳлил гардида, имкониятҳои бузург баррасӣ шуданд.
Таъкид шуд, ки тӯли ҳафт соли охир даромади аҳолӣ ва имконияти пардохти он ду баробар афзуд, ки боиси афзоиши талабот ба хидматрасонӣ гардид. Вобаста ба ин ба вазоратҳо ва ҳокимон супурда шуд, ки ҳар рӯз роҳҳои вусъат додани номгӯйи хидматҳо ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои соҳибкорон ҷустуҷӯ намоянд.
Нишондиҳандаҳои мақсаднок барои соли равон мушаххас карда шуданд: 15 фоиз зиёд кардани ҳаҷми хидматрасонӣ, яъне то ба 82 миллиард доллар расондани он, то ба 8,5 миллиард доллар боло бардоштани содирот, таъмин намудани бошуғлфарогирии 2,5 миллион нафар дар соҳаи мазкур аз ин ҷумла мебошанд.
Дар сектори бонку молия пешомадҳои махсус мушоҳида мегарданд. Ба девелоперон рухсат дода шуд, ки 10-15 фоизи мавзеъҳои навро ба табақаи мулки ғайриманқули ғайритиҷоратӣ гузаронанд. Барои самарабахш истифода бурдани ин имконият пешниҳод гардид, ки бонкҳо мулки ғайриманқулро аз девелоперон бо фоидаи минбаъдаи иҷора ё худ лизинг барои соҳибкорон бевосита харид кунанд. Бинобар пешгӯиҳо ин имкон медиҳад 50 ҳазор метри мураббаъ мулки ғайриманқули ғайритиҷоратӣ ба муомила ворид карда шавад ва 100 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оянд.
30 фоиз зиёд кардани ҳаҷми хидматрасонии молиявӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба роҳ монда шудани механизми бонкдорони маҳалла, ки ба аҳолӣ наздик мешаванд, имкониятҳои иловагиро фароҳам меоваранд. Аз ҷумла, қаробати маълумоти кадастрӣ, мақомоти андоз ва идораҳои адлия ба низоми иттилоотии бонкҳо сифат ва ҳаҷми хидматҳои пешниҳодшавандаро зиёдтар мекунад.
Аз соли равон дар минтақаҳо муносибати нав ба рушди соҳаи хидматрасонӣ мавриди истифода қарор мегирад. Аз ҷониби шӯроҳои маҳаллӣ 1156 лоиҳа-драйверҳо тасдиқ карда шуданд, ки барои татбиқсозии онҳо 1 триллион сӯм ҷудо карда хоҳад шуд.
Дар доираи ташаббусҳои мазкур созмон додани 72 минтақаи наздисоҳилӣ барои истироҳат, ба роҳ мондани 154 кӯчаи сайёҳӣ ва гастрономӣ бо тарзи кори шабонарӯзӣ, намои замонавӣ додан ба 62 хиёбони дамгирӣ, бунёди 364 иншооти хидматрасонии наздироҳӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.
Ду сол муқаддам дар корхонаҳои савдо ва хидматрасонӣ миқдори андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1 фоиз муқаррар карда шуда буд. Дар давраи сипаришуда шумораи чунин корхонаҳо 1,5 баробар афзуд. Ба шарофати он ки бисёр соҳибкорон аз соягӣ баромад, музди меҳнати моҳонаро дуруст инъикос намуданд, бунёди пардохти меҳнат 3,2 баробар зиёд гардид, ки нақдинаи иловагиро ба буҷа дар ҳаҷми 2,1 триллион сӯм таъмин кард.
Бо дарназардошти натиҷаҳои мазкур пешниҳод гардид, ки амали ин сабукиҳо боз ба се сол дароз карда шавад. Минбаъд он дар байни кормандони синнашон аз 30 хурди корхонаҳои хидматрасонӣ, ки моҳе на камтар аз 3 миллион сӯм маош мегиранд, ҷорӣ карда хоҳад шуд. Корхонаҳои сохтмон, савдо ва хӯроки умумӣ метавонанд бо кормандони худ муоҳидаҳои кӯтоҳмуддат ва содаи меҳнатӣ имзо кунанд.
Тӯли се соли охир 27 намуди хидматрасонии давлатӣ ба сектори хусусӣ дода шуд. Вале дар низоми вазоратҳо бисёр хидматҳое мавҷуданд, ки метавонанд ба соҳибкорон дода шаванд. Соли равон пешбинӣ гардидааст, ки боз 29 адад хидматрасонии давлатӣ ба сектори хусусӣ дода шаванд.
Ғайр аз ин, вазифа гузошта шудааст, ки шартҳои ошкоро, шаффоф ва муфид барои иҷора ё худ хусусикунонии қитъаҳои замин ва моликияти давлатӣ таҳия карда шаванд.
Фармони Президенти Ӯзбекистон аз 20 декабри соли 2024 дар бораи низоми нави таъмин намудани суръати баланди рушди иқтисодӣ ва шуғл дар минтақаҳо имкониятҳои назаррасро фароҳам овард. Мувофиқи он аз 1 марти соли равон иншооти давлатии ноҳияҳо бо 10 ҳазор метри мураббаъ масоҳат, ки дар тӯли шаш моҳ фурӯхта нашудаанд, бевосита ба соҳибкорон барои 10 сол ба иҷора дода хоҳанд шуд. Бо шарти пардохти саривақтии маблағи иҷора дар тӯли чаҳор сол соҳибкор метавонад ин моликиятро хусусӣ кунад. Ба соҳибкорони ҷавон, ҷавонони муҳассили IT ва забонҳои хориҷӣ бо пешниҳоди сертификатҳои байналхалқӣ иҷора дар соли аввал ройгон пешниҳод карда мешавад.
Роҳбари давлат зарурияти зиёд кардани содироти хидматрасониҳои масофавиро таъкид сохт. Барои ин вазифаи омӯхтани хидматрасонии бозори хориҷӣ ва тайёр кардани мутахассисоне, ки ба талабот мувофиқат мекунанд, гузошта шуд. Барои лоиҳаҳои стартапи соҳаи иқтисодиёти креативӣ соли равон 50 миллион доллар ҷудо карда шуд, ки барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонон ва ҷалби ҳамватаноне, ки ҷиҳати ширкатҳои хориҷӣ кор мекунанд, нигаронида шудааст.
Умуман ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми хидматҳои IT 30 фоиз (то 80 триллион сӯм) афзоиш дода, содирот то ба беш аз 1 миллиард доллар расонда, ҳамчунин рақамикунонии хидматрасонӣ дар минтақаҳо ва соҳаҳо идома дода шавад.
Рушди хидматрасонӣ бидуни инкишоф додани инфрасохтори нақлиёт ғайриимкон аст. Соли гузашта ҳаҷми хидматрасонии нақлиётӣ 8,6 фоиз афзуд ва 145 триллион сӯмро ташкил дод, вале ин барои таъмин намудани суръати баланди афзоиши иқтисодиёт кофӣ нест.
Вобаста ба ин чораҳои иловагӣ андешида мешаванд: зиёд кардани миқдори хатсайрҳои авиатсионӣ ва поездҳои байни шаҳрҳо, сохтмони марказҳои мултимодалии логистикӣ, баланд бардоштани саҳми борҳои транзитӣ ва вусъат додани шабакаҳои таксӣ аз ин ҷумлаанд.
Мувофиқи маълумот ба шарофати ин чорабиниҳо соли равон ҳаҷми хидматрасонии нақлиётӣ метавонад ба 185 триллион сӯм, содирот бошад, ба 2,3 миллиард доллар расад.
Сайёҳӣ соҳаи бузургтарини ҷанбаи хидматрасонӣ боқӣ мемонад. Солҳои охир ба шарофати ба роҳ мондани робитаҳо бо беш аз 90 мамлакат миқдори сайёҳони хориҷӣ анқариб чаҳор баробар афзуд, содироти хидматрасониҳои сайёҳӣ дар соли гузашта бошад, 3,5 миллиард долларро ташкил дод.
Вале имкониятҳои мамлакат хеле зиёдтар аст. Чунончи, шаҳрвандони Малайзия ва Индонезия мехоҳанд қабл аз анҷоми Умра мақбараву қадамҷойи олимони бузурги моро зиёрат кунанд, барои ин ба роҳ мондани маҷмӯи сайёҳии «Умра плюс» ба нақши гирифта шудааст.
Баргузор кардани консерт ва анҷуманҳои байналхалқӣ дар маҷмӯаҳои сайёҳии Самарқанд, Шаҳрисабз, Бухоро, Хива ва Тошканд миқдори зиёди зоиронро ҷалб мекунад, ки ба рушди тиҷорати меҳмонхонавӣ, сектори тарабхонаҳо, савдо ва соҳаҳои дигари хидматрасонӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар соҳаи иҷтимоӣ низ имкониятҳои зиёд ба миён меоянд. Чунончи, соли гузашта барномаи «Меҳмоннавозии тиббӣ», ки ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ барои табобат ва афзун кардани содироти хидмати тиббӣ нигаронида шудааст, ба роҳ монда шуд.
Тӯли ҳашт соли охир 125 муассисаи нави таълими олӣ кушода шуданд, вале содирот дар соҳаи таълим аз имкониятҳое, ки мавҷуданд, хеле кам мебошад. Ғайр аз ин, баъзе марказҳои истифоданашавандаи маданӣ ва санъатро метавон ба сектори хусусӣ супурд.
Дар машварат Президент ҳисоботи шахсони масъулро шунид ва бо соҳибкорон мулоқот кард. Роҳбарони соҳаҳо бинобар нақшаҳои худ дар соҳа бобати бо кор таъмин кардани 2,5 миллион сокинони минтақаҳо дар соли равон маълумот доданд.