Сарвари давлат дар оғози ҷамъомад ба натиҷаҳои соли 2025 мухтасар таваққуф кард.

Таъкид гардид, ки соли гузашта иқтисодиёт нисбат ба пешгӯиҳои ибтидоӣ бо суръати назаррас ба 7,7 фоиз афзуда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 147 миллиард доллар гузашт. Дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт суръати рушд нисбат ба соли 2024 баландтар буд. Ҳаҷми ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба 43 миллиард доллар ва содирот ба 33,8 миллиард доллар расид.

Новобаста аз фаъолшавии иқтисодӣ ва афзоиши талаботи истеъмолӣ, сатҳи таваррум аз 9,8 фоиз дар соли 2024 то 7,3 фоиз поин рафт.

– Рушди иқтисодӣ ҳар қадар устувортар бошад, барои беҳтар кардани инфрасохтор имкони бештар равона намудани маблағ фароҳам мегардад. Ин раванд дар ниҳоят, ба таъмини шуғл, афзоиши даромадҳо ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ хидмат мекунад, – гуфт Президент.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки соли гузашта 366 ҳазор оила аз камбизоатӣ баромаданд ва дар натиҷаи чораҳое, ки ҷиҳати таъмини шуғл ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ андешида шуданд, сатҳи камбизоатӣ аз 8,9 фоиз то 5,8 фоиз ва сатҳи бекорӣ аз 5,5 фоиз то 4,8 фоиз коҳиш ёфт.

– Ин ҳама натиҷаи ислоҳоти мо мебошад ва аз таҳкими пайвастаи боварӣ байни давлат ва мардум гувоҳӣ медиҳад. Аммо ҳанӯз дар назди худ корҳои зиёд дорем, ки бояд анҷом диҳем, – гуфт Президент.

Зикр шуд, ки маҳалла бахши асосие маҳсуб меёбад, ки ба саволҳо ҷиҳати дар куҷо фаъол будан ва дар куҷо бозистодани ислоҳот ҷавоби мушаххас дода метавонад. Агар дар маҳалла ҳанӯз нафари бекор ё оилаи камбизоат боқӣ монда бошад, пас ислоҳот ба он ҷо ҳанӯз нарасидааст. Агар низоми «ҳафтгона» мушкилоти аҳолиро ҳал карда натавонад, пас сохтор кор намекунад.

– Имконият ҳаст, маблағ ҳаст, қарор ва барномаҳо ҳастанд. Чизе, ки намерасад – масъулият ва ҷавобгарии шахсӣ, – гуфт роҳбари давлат.

Президент норасоии дониши методӣ ва таҷрибаи амалии ҳокимон ва «ҳафтгонаи маҳалла»-ро бобати истифодаи имкониятҳои мавҷуда, инчунин, дар сатҳи зарурӣ ба онҳо кӯмак нарасонидани вазорату идораҳои масъулро танқид кард.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар муддати як моҳ имкониятҳои маҳаллаҳои дорои сатҳи баланди бекорӣ ва камбизоатиро омӯхта, дар асоси таҷрибаҳои беҳтарин дастури методӣ таҳия намоянд. Ҳокимон бошанд, дар ҷойҳо татбиқи онро таъмин намуда, барои бо кор таъмин кардан, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва дарёфти роҳи ҳалли мушаххаси мушкилоте, ки онҳоро нигарон кардааст, шахсан масъул хоҳанд буд.

Дар ҷамъомад вазифаҳои асосӣ барои соли ҷорӣ, чун бо кори доимӣ таъмин намудани 1 миллион нафар аҳолӣ, аз камбизоатӣ раҳо кардани 181 ҳазор оила, 2,5 баробар зиёд кардани шумораи маҳаллаҳои бидуни оилаҳои камбизоат ва ба ин васила то 3,5 ҳазор расонидани теъдоди онҳо, то 4,5 фоиз коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ муайян гардиданд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои таъмини шуғл ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ дар ноҳия ва маҳаллаҳои дорои шароити «вазнин» муфассал баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки пеш аз ҳама, бо нерӯи барқи устувор таъмин намудани чунин минтақаҳо зарур аст.

Бо ин мақсад, дар ҳар яке аз 903 маҳалла нерӯгоҳи хурди офтобӣ бо иқтидори 300 киловатт сохта шуда, ба маҳаллаҳо ҳамчун «дороии бебозгашт» дода мешавад. Аз ҳисоби ин нерӯгоҳҳо дар ҳар як маҳалла «активи иқтисодӣ» ташаккул меёбад, ки соле 400–500 миллион сӯм даромади иловагӣ меорад.

Даромадҳои «сабз»-е, ки ба даст меоянд, барои татбиқи чорабиниҳои «сабз», бахусус, таъмири сарфакоронаи барқи хонаводаҳои ниёзманд, кам кардани хароҷоти барқ ва беҳтар намудани сифати зиндагӣ равона карда мешаванд. Барои истифода ва нигоҳдории нерӯгоҳҳои офтобӣ аъзои оилаҳои камбизоати ҳамин маҳаллаҳо ба кор ҷалб мегарданд.

Чунин корҳо боз дар ҳазор маҳаллаи дорои сатҳи баланди ихтисос низ татбиқ карда мешаванд. Нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ ба маҳаллаҳо дар ҳоли омода ба муҳлати 7 сол дар асоси лизинги бефоиз дода мешаванд.

Президент таъкид кард, ки боз ҳам амиқтар намудани ихтисосёбии маҳаллаҳо дар коҳиши бекорӣ ва камбизоатӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Ҳоло дар 903 маҳаллаи дорои шароити «вазнин» 100 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ва иҷора мавҷуд аст. Зикр гардид, ки агар ҳокимон якҷоя бо «ҳафтгонаи маҳалла» таъминоти обро беҳтар намуда, бо тухмӣ ва ниҳол таъмин кунанд ва ихтисосёбиро дуруст роҳандозӣ намоянд, дар даромад ва шароити зиндагии аҳолӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд.

Бо мақсади ҳавасмандсозии ихтисосёбӣ дар маҳаллаҳо механизмҳои иловагии молиявӣ ҷорӣ мешаванд. Бахусус, барои соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 50 фоизи хароҷоти харид кардани ниҳолҳои сертификатдор аз ҳисоби буҷет ҷуброн мегардад. Вобаста ба навъи мева, барои «шпалер» аз 20 ҳазор то 70 ҳазор сӯм субсидия ҷудо карда мешавад. Барои онҳое, ки дар замини наздиҳавлигии худ обёрии қатрагиро ба роҳ мемонанд, барои ҳар як хол 160 ҳазор сӯм ҷубронпулӣ пардохт мегардад.

Агар кишоварзони ботаҷриба дар ҳар 10 хонадони маҳалла парвариши маҳсулоти содиротиро ба роҳ монанд, 2 миллион сӯм ва агар ин корро дар дастикам 30 фоизи хонадонҳои дорои замини наздиҳавлигии маҳалла амалӣ намоянд, ба таври иловагӣ 75 миллион сӯм мукофот хоҳанд гирифт.

Инчунин, соли ҷорӣ 2 ҳазор гектар замини ҷангал ба 4 ҳазор оилаи камбизоат барои бунёди тутзор дар 50 хол замин ба муҳлати 10 сол ройгон ҷудо карда мешавад. Барои ташкили кооператсияи пиллапарварӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд 4 миллион сӯм субсидия ва ба онҳое, ки мехоҳанд дар хона пилла парвариш кунанд, барои таҷҳизонидани манзил ва хариди таҷҳизот то 20 миллион сӯм ссудаи бефоиз дода мешавад.

Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки соли ҷорӣ барои рушди тиҷорати хурду миёна 140 триллион сӯм кредит ҷудо карда мешавад.

– Бояд ошкоро гуфт, ҳоло бонкҳо барои тамоми ноҳия ва шаҳрҳо бо шарти якхела кредит пешниҳод мекунанд. Аммо имконияту шароити Олмазор ва Бӯзатов яксон нест. Аз ин рӯ, дар 37 ноҳияи дорои шароити «вазнин» дар доираи барномаи «соҳибкории оилавӣ» кредит бо 12 фоиз дода мешаванд, – гуфт Президент.

Дар ҳамаи ноҳияҳо ҳадди ниҳоии кредити имтиёзноки «соҳибкории оилавӣ» 1,5 баробар зиёд карда шуда, то 50 миллион сӯм расонида мешавад. Барои чорвои наслии воридотӣ ва сертификатдор то 100 миллион сӯм, барои меҳмонхонаи оилавӣ, яхдонҳои хурд, технологияҳои хурди нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулот бошад, то 150 миллион сӯм кредитҳои бидуни гарав ҷудо мегарданд.

Миқдори кредити лоиҳаҳои соҳибкорӣ барои 563 маҳаллае, ки дар минтақаҳои марзӣ ва анклав ҷойгиранд, то 1 миллиард сӯм зиёд карда мешавад. Бо ин мақсад, бар 3,6 триллион сӯме, ки барои барномаҳои «соҳибкории оилавӣ» пешбинӣ шудааст, иловатан боз 2 триллион сӯм захира ҷудо карда мешавад.

Соли ҷорӣ барои амиқ намудани ихтисосёбии маҳаллаҳо аз ҷониби бонкҳо дар маҷмӯъ 17 триллион сӯм кредит ҷудо мегардад. Дар ин раванд 4 фоизи кредит, ки ба истеҳсоли маҳсулот гирифта шудаанд ва 6 фоизи кредитҳои марбут ба лоиҳаҳои коркарди он ҳамчун ҷуброн пардохта мешаванд.

Зарурати дар асоси «равиши лоиҳавӣ» ташкил намудани фаъолияти ёварони ҳокимон таъкид гардид.

Бастаи лоиҳаҳое, ки дар миқёси ҳар як ноҳия дар асоси «равиши лоиҳавӣ» татбиқ мегарданд, ташаккул дода мешавад. Нархи ибтидоии қитъаҳои холии замин ва иншооти давлатиро, ки дар маҳаллаҳои дорои шароити «вазнин» воқеанд, 2-3 баробар кам карда, амалиёти ба фурӯш баровардани онҳо ҷорӣ мегардад.

Ба 100 маҳаллаи «вазнин», ки дар эҷоди ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ натиҷаҳои беҳтарин нишон медиҳанд, 1 миллиард сӯмӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад. Ёварони ҳокимоне, ки дар ин маҳаллаҳо фаъолият доранд, ба кишварҳои хориҷӣ, чун Чин, Туркия, Корея ва Малайзия ба курсҳои якмоҳаи такмили ихтисос фиристода мешаванд.

Лоиҳае, ки дар канори канали Кайковуси ноҳияи Олмазор татбиқ карда мешавад, чун мисол ёдовар гардид. Ду километри ин канал аз ҳудуди 8 маҳаллаи «Шаҳри кӯҳна» мегузарад. Акнун ёварони ҳокими ин маҳаллаҳо дар атрофи як «гурӯҳи лоиҳавӣ» муттаҳид шуда, бар асоси консепсияи умумӣ дар соҳили канал рушди инфрасохтори савдо, хидматрасонӣ ва истироҳатро амалӣ мекунанд.

Ба ҳамин тартиб, дар самтҳои сайёҳӣ, таълим, хидматрасониҳои тиббӣ, навсозӣ, соҳили кӯлҳо ва кӯчаҳои серодам низ “гурӯҳҳои лоиҳавӣ”-и махсус, иборат аз ёварони ҳокимон ташкил карда мешаванд.

Таҷрибае, ки ҷиҳати баланд бардоштани самарадории фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла» дар пойтахт роҳандозӣ шуд, акнун дар ҳамаи ноҳия ва шаҳрҳо низ ҷорӣ мегардад. Минбаъд ёвари ҳоким, фаъоли зан-духтарон ва сардори ҷавонон дар асоси тақдимномаи раиси маҳалла аз ҷониби ҳокими ноҳия ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Роҳбари давлат боз ба як масъалаи муҳим таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Таъкид гардид, ки дар мамлакат бобати барӯйхатгирии аҳолӣ ва соҳаи кишоварзӣ чорабинии густурда оғоз ёфтааст.

То ҳол аз 7 миллиону 613 ҳазор хонадон 4 миллиону 776 ҳазори онҳо аз рӯйхат гузаштанд. Аммо суст ҷараён доштани ин раванд дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Фарғона, Сурхондарё, Бухоро ва Тошканд зикр гардид.

– Чунин чорабинии муҳим дар мамлакати мо дар 37 соли охир бори аввал гузаронида мешавад. Барӯйхатгирӣ барои муайян кардани вазъи воқеии ҳар як маҳалла ва ҳар як хонавода, бар ин асос муқаррар намудани нақшаҳои оянда ва муҳимтар аз ҳама, барои ҷорӣ кардани механизмҳои самарабахш, ки ба баланд бардоштани некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, хидмат мекунад, – гуфт Президент ва аз ҳамаи шаҳрвандон даъват кард, то дар чорабинии барӯйхатгирӣ фаъол иштирок намоянд.

Дар ҷамъомад ҳисобот ва пешниҳодҳои ҳокимони ноҳияҳо, раисони маҳаллаҳо ва ёварони ҳокимон низ шунида шуданд.