Ҳокимияти шаҳри Тошканд таҷрибаи Британияро дар соҳаи коркарди партовҳо меомӯзад

    Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Лондон ҳайати расмӣ таҳти роҳбарии муовини ҳокими Тошканд Абдулазиз Исроилов бо яке аз сармоягузорони нуфузманд ва машҳури Британия – сэр Гарри Ҷаногли мулоқот анҷом дод.

    Ҳангоми гуфтушунид ба ҷониби Британия дар бораи шароити мусоиди барои сармоягузорон дар Ӯзбекистон фароҳамовардашуда, инчунин дар бораи ислоҳоте, ки бо мақсади беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва либерализатсияи иқтисод амалӣ мегарданд, маълумот пешниҳод шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар мулоқот дурнамоҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи сохтмон ва коркарди партовҳои маишӣ дар шаҳри Тошканд баррасӣ гардиданд. Сэр Гарри Ҷаногли иқтидори баланди сармоягузории самти мазкурро таъкид намуда, омодагии худро барои омӯзиши имкониятҳои ҳамкорӣ тавассути чанд ширкати бузурги худ баён кард.

    Ҷонибҳо зикр карданд, ки ин ташаббус на танҳо ба таъмини идоракунии самараноки партовҳо ва устувории экологӣ мусоидат хоҳад кард, балки ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд оварда, ҳамчунин ҷалби технологияҳои муосирро ба Ӯзбекистон таъмин менамояд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates