Ҳокимияти шаҳри Тошканд дар форуми байналмилалии "Шаҳри оқил" иштирок кард

    6 сентябри соли 2021 форуми онлайни «Ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни шаҳрҳо ва пойтахтҳои кишварҳои пешрафтаи СҲШ дар доираи барномаи «Шаҳри оқил» дар мавзӯи «Дурнамои татбиқи барномаҳои иқтисодиёти рақамӣ ва технологияҳои оқили низоми «Шаҳри оқил» дар тиҷорат баргузор гардид.

    Ҳадафи форум, ки ташаббускори он Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, шинос кардани иштирокчиён бо имкониятҳои технологияҳои муосири иттилоотӣ ва таъсири онҳо ба рушди инфрасохтори пойтахтҳо ва шаҳрҳои калони кишварҳои СҲШ мебошад.

    Дар кори форум аъзои ҳайатҳои кишварҳои узви СҲШ, намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносон аз Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон ва Тоҷикистон, инчунин кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ ширкат варзиданд.

    Дар кори форум аз ҳокимияти шаҳри Тошканд кормандони департаменти "Рушди рақамӣ" иштирок карданд. Онҳо ба иштирокчиён геопортали таҳияшудаи пойтахт ва Маркази вазъиятиро, ки ба кор омода карда мешавад, муаррифӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуот.

    Дар рафти муҳокима иштирокчиён бо дастовардҳои рақамисозии шаҳрҳои калони кишварҳои СҲШ шинос шуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates