Лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ ва хидматрасонии коммуналӣ баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 14 Iyun 2021 5781

    Президент Шавкат Мирзиёев 14 июн бо муаррифии лоиҳаҳо дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва нигаҳдории тандурустӣ шинос шуд.

    Сарвари давлат зимни сафарҳояш ба вилояти Тошканд ва ноҳияҳои пойтахт, инчунин 28 май дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба навсозии шабакаҳои коммуналӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ як қатор вазифаҳо гузошт. Ба ин муносибат вазорат ва ҳокимиятҳои масъул оид ба беҳтар намудани фаъолияти идоракунандагони ширкатҳои хидматрасонӣ пешниҳодҳо тайёр карданд.

    Аз ҷумла, дар вилояти Тошканд 4 938 манзили бисёрутоқа мавҷуд аст, ки ба онҳо 36 ширкати хидматрасонӣ ва 369 ширкатҳо хидмат мерасонанд. Зиёда аз нисфи ширкатҳо дар ҳолати душвор қарор доранд, истеъмолкунандагон аз сифати хизматрасонӣ ва набудани усули замонавӣ норозӣ мебошанд.

    Дар чорабинӣ чунин камбудиҳо дар минтақа шадидан танқид карда шуданд. Супориш дода шуд, ки лоиҳаҳоро аз нав дида бароянд, кори мунтазамро ба роҳ монанд ва барои аҳолӣ тамоми шароитҳоро муҳайё кунанд.

    Ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар муносибатҳои дуҷонибаи мамлакати мо бо давлатҳои хориҷӣ мавқеи муҳим дорад. Аз ҷумла, вилояти Тошканд ва Ҷумҳурии Тотористон (Федератсияи Россия) ҳамкории зич доранд. Дар тақдимот дар бораи лоиҳаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ду минтақа маълумот пешниҳод карда шуд. Президент лоиҳаҳоро аз нигоҳи танқидӣ арзёбӣ карда, зарурати густариши пайвастаи шарикиро қайд кард.

    Як моҳ қабл сарвари давлат ба Маркази ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи илмию амалии тиббии саратоншиносӣ ва радиология ташриф оварда, оид ба беҳтар намудани шароити муассисаҳои тиббӣ дар ин самт дастурҳо дод. 27 май Президент "Дар бораи боз ҳам такмил додани низоми хидматрасонии гематологӣ ва онкологӣ ба аҳолӣ" қарор қабул кард.

    Мувофиқи ин санад лоиҳаи сохтмон ва таҷҳизонидани корпусҳои нав барои Маркази тиббии ҷумҳуриявии онкология ва радиология коркард шуд. Барои иншоотҳои нав зиёда аз 5 гектар ҳудуди истифоданашудаи клиникаи Академияи тиббии Тошканд ҷудо карда шуд. Дар тарҳрезӣ таҷрибаи пешқадами муассисаҳои тиббии хориҷӣ ба назар гирифта шудааст.

    Маркази нав бо таҷҳизоти замонавӣ барои томографияи позитронию эмиссионӣ, омӯзиши радиоизотопӣ, таҳлили ПТР, томографияи магнитию резонансӣ, ангиография муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Усулҳои нави табобат, аз қабили иммунотерапия, терапияи таргетӣ, шуоъдиҳии суръатфизои хаттӣ ва терапияи нури стереотактикӣ, радиоҷарроҳӣ ҷорӣ карда мешаванд.

    Тибқи дастуру супоришҳои Президент шароит ва сифати табобат дар беморхонаҳои онкологии тамоми минтақаҳо омӯхта шуданд. Маълум шуд, ки аҳолӣ аксар вақт барои расонидани ёрии онкологӣ ба филиалҳои ҷумҳуриявии шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд муроҷиат мекунад. Тақрибан 37 фоизи ҳамаи беморон ба ҳиссаи онҳо рост меояд.

    Ба ин муносибат пешниҳод карда шуд, ки филиалҳои пойтахт ва вилояти Тошканд ба муассисаи ягона муттаҳид карда шаванд. Дар натиҷа мутахассисони соҳибихтисос ва таҷҳизоти баландтехнологӣ дар як ҷо ҷамъ оварда мешаванд ва сифати табобат беҳтар мегардад.

    Инчунин дар бораи нақшаҳои тайёр кардани табибон маълумот дода шуд. Бо ин мақсад лоиҳаи густариши ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тиббии ба номи Н.И.Пирогови Русия таҳия шудааст. Дар доираи ҳамкорӣ, дар назар аст, ки дар ду соли оянда донишҷӯёни ӯзбек барои таҳсил ба Русия фиристода ва то соли таҳсили 2023/2024 филиали ин донишгоҳ дар Тошканд кушода шавад.

    Сарвари давлат лоиҳаҳоро тасдиқ карда, доир ба такмил додани онҳо дастурҳо дод.

    Дар тақдимот инчунин лоиҳаҳои аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ташаккулёфта баррасӣ шуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates