Дар Тошканди Нав сохтмони варзишгоҳе бо 55 ҳазор ҷой оғоз ёфт

    11 ноябр Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими оғози сохтмони иншооти бузурги варзишӣ – варзишгоҳи замонавии футбол дар шаҳри Тошканди Нав иштирок намуд.

    Панҷ соли охир дар соҳаи футболи мамлакат давраи таҳаввулоти амиқ гардид. Аз ҷумла, низоми чемпионатҳои маҳаллӣ ислоҳ шуда, академияҳои кӯдакон ва наврасон таъсис ёфтанд, дар минтақаҳо 75 варзишгоҳи бузург ва 302 варзишгоҳи хурд фаъолият доранд.

    Тавре аён аст, соли 2017 дар кишвар танҳо 3 майдон вуҷуд дошт, ки ба талаботи ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё ҷавобгӯ буданд. Имрӯз шумораи онҳо аз 10 адад афзуд.

    Чанде пеш дар ноҳияи Юқори Чирчиқ сохтмони Маркази замонавии миллии футбол ба анҷом расид. Зиёда аз 65 ҳазор ҷавонон дар мактабҳои футбол машғулот мегузаронанд. Ба ин мактабҳо мураббиёни ботаҷриба, мутахассисони варзиши тиббӣ ва фармакологӣ аз дастаҳои бонуфузи ҷаҳон ҷалб шудаанд.

    Низоме роҳандозӣ шуд, ки мувофиқи он футболбозон аз маҳаллаҳо интихоб карда мешаванд. Барои ин имтиёзҳои махсус ҷорӣ гардида, дар 70 фоизи зиёда аз 9 ҳазор маҳалла майдончаҳои хурди футбол сохта шудаанд.

    Инчунин, майдонҳои футболи 1,5 ҳазор мактаб таъмир гардида, дар онҳо беш аз 1 миллион донишомӯз ва ҷавонони маҳаллаҳо фаро гирифта шуданд. Баргузории мусобиқаҳои футбол миёни ҷавонон дар сатҳҳои маҳалла, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ба анъана табдил ёфтанд.

    Ҷавонони боистеъдоде, ки қобилияти худро дар мусобиқаҳо нишон медиҳанд, бевосита ба мактабҳои футбол қабул карда мешаванд.

    Ин талошҳо аллакай натиҷаҳои худро медиҳанд.

    – Дастаи мунтахаби олимпии мо оид ба футбол соли гузашта бори аввал дар Олимпиадаи Париж иштирок кард. Дар таърих нахустин бор дастаи мунтахаби миллии мо ба Чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда доир мегардад, роҳхат ба даст овард. Имрӯзҳо футболбозони то 17-солаи мо дар чемпионати ҷаҳон, ки дар Қатар идома дорад, ҳамчун қаҳрамони Осиё шарафи мамлакатамонро ҳимоя мекунанд, – гуфт роҳбари давлат дар маросим.

    Имрӯз арзиши умумии трансфери 20 нафар футболбозони мо, ки дар дастаҳои гуногуни бонуфузи ҷаҳон бозӣ мекунанд, аз 60 миллион доллар афзуд. Бахусус, аз оғози моҳи гузашта ба футболбози қиматтарини Осиё табдил ёфтани ҳамватанамон Абдуқодир Ҳусанов боиси ифтихори ҳамаи мост.

    Ин дастовардҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки солҳои охир мактаби футболи миллӣ аз ҳисоби фароҳам гардидани имконот дар сатҳи байналмилалӣ шинохта мешавад.

    – Чанде пеш Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино зимни ташриф ба мамлакатамон бо шароите, ки дар Ӯзбекистон барои рушди футбол фароҳам оварда шудааст, инфрасохтор ва ислоҳот дар низоми идоракунӣ шинос гардида, ин тағйироти куллиро дар варзиш баланд арзёбӣ кард. Ҳангоми мулоқоти самимона бо ҷаноби Инфантино, ӯ таъкид намуд, ки эътимоди ҷомеаи байналмилалии футбол ба мамлакати мо торафт афзуда, футболи Ӯзбекистон дар сатҳи “грандҳои Осиё” қарор дорад, – гуфт Президент.

    2 октябр дар ҷамъомади Шӯрои ФИФА оид ба баргузории Чемпионати ҷаҳонии футболи то 20-солаи соли 2027 дар Ӯзбекистон ва Озарбойҷон қарор қабул гардид.

    Бозиҳои ин чемпионати ҷаҳон дар сетоӣ варзишгоҳи ду мамлакат баргузор мешаванд. Дар варзишгоҳи дорои беш аз 50 ҳазор нишастгоҳ гузаронидани бозиҳои ниҳоӣ ва нимниҳоӣ яке аз талаботи ФИФА маҳсуб меёбад.

    – Аз ин рӯ, мо сохтмони варзишгоҳи Тошканди Навро, ки барои футболи мамлакатамон лоиҳаи муҳим мебошад, оғоз мекунем. Барои бунёди ин варзишгоҳ, ки 100 миллион доллар арзиш дорад, чаро маҳз ҳудуди Тошканди Нав интихоб шуд? Зеро Тошканди Нав дар оянда ба маркази имкониятҳои нав ва ғояҳои пешқадам табдил хоҳад ёфт, – гуфт роҳбари давлат.

    Ҳамаи лоиҳаҳои минтақаи Тошканди Нав дар ҳамоҳангӣ бо меъмории муосир ва арзишҳои миллӣ, дар пояи идоракунии “ақлӣ” ва экологӣ амалӣ карда мешаванд. Варзишгоҳи нав низ дар асоси консепсияи умумӣ сохта шуда, бо табиат ҳамоҳанг хоҳад буд ва бар тамоюлҳои “энергияи сабз”, “идоракунии ақлӣ” ва “муҳити бароҳат” асоснок карда мешавад.

    Варзишгоҳи Тошканди Нав мутобиқ ба тамоми талаботи ФИФА бунёд мегардад, он яке аз майдонҳои бузургтарини футбол ва дорои инфрасохтори муосири Осиё хоҳад шуд.

    Таъкид гардид, ки ин иншоот на танҳо барои Чемпионати ҷаҳонии футболи то 20-солаи соли 2027, балки барои рушди футболи ӯзбек ва варзиши ҷавонон дар даҳсолаи оянда хидмат хоҳад кард.

    Бояд гуфт, ки мизбонии кишвари мо ба Чемпионати ҷаҳон дар миёни ҷавонон боз як ифодаи эътимод ва эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ ба Ӯзбекистон аст.

    Зикр гардид, ки ба ин муносибат барномаи махсуси давлатӣ бобати омодагӣ ба чемпионат қабул мегардад. Бинобар инфрасохтор, нақлиёт, меҳмонхона, хидмати тиббӣ ва низоми волонтёрӣ барои вазоратҳои масъул вазифаҳои мушаххас муайян карда мешавад.

    – Санги асосе, ки ҳоло мо барои варзишгоҳи Тошканди Нав мегузорем, пояи заҳматҳои имрӯза ва пирӯзиҳои фардои мост. Бовар дорам, ки ин иншооти бузург барои ҷавонон як манбаи илҳом, барои мардуми мо рамзи ифтихор гардида, барои миллионҳо мухлисони футболи кишварамон туҳфаи бузург хоҳад шуд, – гуфт Президент.

    Президент Шавкат Мирзиёев ба пойдевори варзишгоҳи Тошканди Нав капсула гузошта, сохтмони онро оғоз кард.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates