Kairos ракетаи хурди дуруштсӯзишворӣ буда, 18 метр дарозӣ ва 23 тонна вазн дорад. Дар борт 5 моҳвора ҷойгир буда, банақшагирӣ шудааст, ки онҳо баъди 50 дақиқа пас аз парвоз дар баландии тақрибан 500 километр аз ракета ҷудо шуда, ба мадор ворид шаванд.
Дар сурати бомуваффақият ҷудо кардани моҳвораҳо ва баровардани онҳо ба мадори муқарраршуда, ин аввалин парвози муваффақ дар ҳудуди кишвар тавассути қувваҳои тиҷоратии хусусӣ хоҳад буд.
Парвози аввалини ракетаи Kairos 9 март ба нақша гирифта шуда буд, аммо пас аз ҳисобкунии ниҳоӣ ракета парвоз накард. Баъд аз 15 дақиқа боз як кӯшиши дигар анҷом дода шуд, аммо ракета аз ҷой нахест. Сипас, парвоз ба 13 март гузошта шуд. Дар марҳилаи такрории парвози 13 март, ракета баъди чанд сония аз старт дар ҳаво таркид.