Олимони ҷопонӣ пластики наве ихтироъ карданд, ки дар оби баҳр ҳал мешавад

    Олимони ҷопонӣ маводи нави пластикиро таҳия намуданд, ки метавонад дар оби баҳр ҳамагӣ дар чанд соат бидуни зарар ба муҳити зист пурра ҳал шавад, хабар медиҳад Reuters.

    Ин пешрафт метавонад дар роҳи ҳалли яке аз мушкилоти шадиди замони муосир — ифлосшавии уқёнусҳо қадами муҳим гардад.

    Коршиносон аз Маркази моддаҳои нави пажӯҳишгоҳи RIKEN ва Донишгоҳи Токио дар таҳияи ин мавод ширкат варзиданд. Ба гуфтаи онҳо, пластики нав на танҳо био-тазййиршаванда аст, балки дорои хусусиятҳои беназир мебошад: он мисли пластики нафтӣ мустаҳкам аст, аммо хеле зуд вайрон мешавад ва пасмонда боқӣ намемонад.

    Роҳбари лоиҳа Такудзо Айда мегӯяд, ки маводи нав аз ҷиҳати устуворӣ бо пластики анъанавии нафтӣ баробар аст. Аммо таҳти таъсири намак вай ба унсурҳои ибтидоӣ ҷудо мешавад. Дар ниҳоят, бактерияҳои муҳити зист метавонанд ин унсурҳоро коркард кунанд, ки ба пешгирии пайдоиши микропластикҳо, ки ба мавҷудоти обӣ зарар мерасонанд, мусоидат менамояд.

    Азбаски намак дар хок низ мавҷуд аст, мавод метавонад дар хушкӣ ҳам таҷзия шавад, гарчанде ин раванд вақт — тақрибан 200 соат барои порчаи 5-сантиметрӣ талаб мекунад.

    Бартарии дигари муҳим ин аст, ки пластики нав намесӯзад, заҳрнок нест ва дар раванди таҷзия гази карбон (CO₂) ҷудо намекунад, менависад korrespondent.net.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates