Ин лоиҳаҳо, ки барои тақвияти робитаҳои нақлиётӣ байни пойтахт ва Тошканди Нав, идоракунии самараноки ҷараёни нақлиёт ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои нақлиёти ҷамъиятӣ равона шудаанд, барои рушди инфрасохтори шаҳрӣ муҳиманд.

Пули нав Тошканд ва Тошканди Навро бо ҳам мепайвандад. Иқтидори он 40-50 ҳазор мошин дар як рӯз хоҳад буд. Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввали лоиҳа дар охири соли ҷорӣ оғоз ёфтанд.

Дар доираи лоиҳа ба ҳифзи муҳити зист таваҷҷӯҳи махсус дода мешавад. Ободонии минтақаҳои соҳили дарё, насби системаҳои равшании каммасрафи энергия ва сохтани роҳҳои пиёдагард ва велосипедронӣ ба нақша гирифита шудааст. Инчунин кашидани хатти трамвайи духатта пешбинӣ шудааст.

Хати метрои ба нақша гирифташудаи 21-километра, ки Тошканди Навро бо шаҳри Тошканд мепайвандад, нӯҳ истгоҳи муосирро дар бар мегирад. Он метавонад ҳар рӯз ба 230 ҳазор мусофир хизмат расонад. Ин хат пурра бо шабакаи мавҷудаи метрополитени Тошканд муттаҳид карда мешавад ва системаи ягона ва бефосилаи нақлиётро ба вуҷуд меорад.

Сарвари давлат бо рафти сохтмони яке аз истгоҳҳои хатти оянда, ки бо таваққуфгоҳи 20 000 метри мураббаъ муттаҳид карда шудааст, аз назар гузаронд. Дар тарҳрезӣ ҷараёни воситаҳои нақлиёт, пиёдагард ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба таври возеҳ ҷудо карда шудааст ва ба бехатарӣ ва функсионалӣ афзалият дода шудааст.

Айни замон корҳои кофтуков ва рехтани бетон идома доранд. Ифтитоҳи маҷмаа дар соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

Президент аҳамияти стратегии лоиҳаҳоро барои Тошканди Нав таъкид намуда,  оиди  босифат ва сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ тавсияҳои худро дод.