Шароити замонавии меҳнат барои ҷавонон ва занон

    Ҳукумат 12 May 2022 4554

    Президент Шавкат Мирзиёев ба минтақаи саноатӣ ва соҳибкории ҷавонони шаҳри Марғелон ташриф овард.

    Минтақаи саноатӣ дар маҳаллаи Наврӯз, дар ҷои қаблан истифоданашуда, вале аз ҷиҳати коммуникатсия ва таъминоти моддӣ қулай ташкил карда шудааст.

    Дар ҳудуди минтақа бо масоҳати 7 гектар 28 лоиҳаи саноати нассоҷӣ, чарму пойафзол, мебел ва хӯрокворӣ ҷойгир шудааст. Имрӯз 12-тоӣ онҳо ба истеҳсолот шурӯъ намуданд. Дар ҳамаи корхонаҳо зиёда аз ҳазор ҷойи кор барпо карда мешавад. Сарвари давлат бо заноне, ки дар яке аз корхонаҳо кор мекунанд, суҳбат кард.

    — Мо дар шароити баланд бардоштани шудани шаъну шарафи инсон бобати ғамхорӣ дар ҳаққи занон таваҷҷуҳ зоҳир мекунем. Зан – ин оила, фарзандони мутаносиб инкишофёфта. Чаро мо «дафтари занон» ташкил кардем? Барои он ки ба ҳар як зане, ки ба дастгирӣ ниёз дорад, эътибор дода шавад. Баъзеи шумо, шояд, фикр мекардед, ки аз ӯҳдаи ин намебароед. Аммо шумо аз ӯҳдаи ин кор баромадед. Мо минбаъд низ тамоми корро анҷом медиҳем, то ки шумо боварии комил дошта бошед, ки духтарони мо касбу ҳунарро соҳиб мешаванд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Супориш дода шуд, ки дар ноҳияҳои дурдаст чунин минтақаҳои саноатӣ ташкил карда, ба он ҷо ҷавононро ҷалб карда, соҳибкорӣ омӯзонида ва тиҷорати онҳо дастгирӣ карда шаванд.

    Президент инчунин бо фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Agro impex valley» дар ноҳияи Тошлоқ шинос шуд. Корхонаи арзишаш беш аз 100 миллиард сӯм соли 2020 ба кор дароварда шудааст. Он таҳти тамғаи «Amira textile» либосҳои тайёр истеҳсол мекунад. Инчунин қисми болоии пойафзоли тобистона ҳам тайёр карда мешавад.

    Сарвари давлат намунаҳои маҳсулоти саноатӣ ва ҳунармандиеро, ки дар ноҳияи Тошлоқ истеҳсол мешавад, аз назар гузаронд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates