Ҳамин тариқ Вазорати савдо, саноат ва энергетикаи Куриёи Ҷанубӣ дар Тошканд семинари мавзӯӣ тайёр намуд. Дар он намояндагони ду давлат иштирок доштанд.
«Куриё ба СУТ дохил шудани Ўзбекистонро фаъолона дастгирӣ мекунад ва мо умедворем, ки ин ба амиқтар шудани ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар мусоидат хоҳад кард”, -- гуфт мутахассис оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Вазорати тиҷорати Куриёи Ҷанубӣ Пак Дэ Гю.
Аз соли 2004 Куриёи Ҷанубӣ раиси гурӯҳи корӣ мебошад, ки узвияти кишвари моро ба СУТ дастгирӣ мекунад. Соли 2017 Тошканд ва Сеул ба мувофиқа расиданд, ки семинарҳоро барои мусоидат ба воридшавии Ӯзбекистон ба ин созмон баргузор кунанд.