Паҳлавонони ҷавони Ӯзбекистон чемпионатро бо 9 медал ҷамъбаст карданд

    Варзиш 19 Iyun 2023 1084

    Чемпионати Осиё оид ба гӯштии то 23-сола дар Қирғизистон ба анҷом расид. Дар рӯзи хотимавии мусобика байни гӯштингирони тарзи озод барои мукофотҳо қувваозмоиҳо барпо гардиданд. Ҳамватанони мо 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

    Бегиҷон Қулдошев, ки дар вазни то 74 кг ба финал баромад, барандаи медали нуқраи чемпионат гардид. Ҳамчунин Нодир Раҳимов (-70 кг) ва Намоз Абдурашидов (-125 кг) ҷойҳои севумро касб карданд.

    Ба ин тартиб, мунтахаби Ӯзбекистон бо 1 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ мусобиқаро ба анҷом расонд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates