Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории самаранок бо ин сохтори бонуфузи СММ, инчунин ҷанбаҳои амалии омодагӣ ва баргузории иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд тирамоҳи имсол баррасӣ шуданд.
Бо қаноатмандӣ сатҳи баландтарини ҳамкории гуногунҷабҳа қайд гардид.
Бо ташаббуси Ӯзбекистон қатъномаҳо оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот ва таҳсили кӯдакон қабул гардиданд.
Кишвари мо узви Маркази байналмилалӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии арзишҳои фарҳангӣ гардид. Бухоро ба «Шабакаи шаҳрҳои эҷодӣ» шомил шуд. Дар Донишгоҳи Роҳи абрешими Самарқанд кафедраи ЮНЕСКО таъсис ёфт.
Соли гузашта татбиқи 7 лоиҳаи нав дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ оғоз гардид.
Ба рӯйхатҳои махсуси ЮНЕСКО биёбонҳои Тӯрон ва долони Зарафшон-Қароқум, санъати пиллапарварӣ, кулолгарӣ, навохтани рубоб, анъанаҳои ифтор, «Бойгонии девони амири Бухоро», «Албоми Туркистон» ва «Албоми аксҳои Худойберган Девонов» ворид карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки имсол шаҳри Самарқанд иҷлосияи 43-юми Конфронси генералиро мизбонӣ хоҳад кард, ки бори аввал дар 40 соли охир берун аз қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж баргузор мегардад ва ба 80-солагии ин ташкилот рост меояд.
Директори генералии ЮНЕСКО Одрӣ Азуле ба ҳамкории самарабахш бо Ӯзбекистон баҳои баланд дода, аз сарвари давлати мо барои омодагии ҳамаҷониба ба чорабинии дарпешистода изҳори сипос кард.
Оид ба густариши минбаъдаи барномаҳои ҳамкории амалӣ ва идомаи ҳамоҳангии наздик дар доираи баргузории форумҳо ва чорабиниҳо дар ҳошияи иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО созишҳо ҳосил гардиданд.