ЮНИСЕФ: дар саросари ҷаҳон 85 миллион кӯдак ба мактаб намераванд

    Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии омӯзгорон Хазинаи кӯдакони СММ гузоришеро дар бораи имконоти таҳсилии кӯдакон дар саросари ҷаҳон эълон кард. Бахусус, дар кишварҳое, ки низоъҳои мусаллаҳона идома доранд, шумораи кӯдаконе, ки ба мактаб намераванд, меафзояд.

    Имрӯз, Рӯзи ҷаҳонии омӯзгорон соли 1994 ба муносибати ба имзо расидани тавсиянома «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки 5 октябри соли 1966 дар Париж таҳия шуда буд, ташкил гардидааст. Ин санад дар натиҷаи конфронс, ки аз ҷониби ЮНЕСКО ва Созмони байналмилалии меҳнат ташкил гардид, тартиб дода шудааст.

    Euronews чанде пеш дар гузориши «Аврупо дар ҳаракат»-и худ дар бораи оғози соли таҳсили 2025-2026, норасоии муаллимонро дар мактабҳо қайд кард. Ин ҳолат бештар дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Фаронса, Португалия ва Белгия эҳсос мегардад.

    Тибқи маълумоти Хазинаи кӯдакони СММ, бино ба ҳолати соли 2024 танҳо дар 31 фоизи мамлакатҳо системаҳои самараноки таълими муаллимон вуҷуд дошта, ин аз нисфи нишондоди мақсаднок, ки 64 фоиз аст, камтар мебошад.

    Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар тӯли даҳ сол шумори кӯдакон ва наврасоне, ки ба мактаб намераванд, тақрибан ба 272 миллион нафар мерасад.

    Тибқи маълумоти ЮНИСЕФ, кӯмаки расмӣ ба соҳаи таълим ба 3,2 миллиард доллар коҳиш хоҳад ёфт. Ин боиси аз 272 миллион ба 278 миллион нафар зиёд шудани шумораи бачагони аз мактаб берун мешавад.

    Мувофиқи ҳисоби ЮНИСЕФ, дар кишварҳои аз даргириҳои мусаллаҳона осебдида 234 миллион кӯдаке, ки ба мактаб намераванд, барои дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ниёз доранд ва ин дар се соли охир ба 35 миллион нафар афзудааст.

    Аз ин 234 миллион кӯдак 85 миллион нафарашон умуман ба мактаб намераванд: 52 дарсад духтарон, 17 дарсад кӯдакони гуреза ё кӯчонидашуда ва беш аз 20 дарсад ноболиғони маъюб ҳастанд.

    Вазъияти аз ҳама мураккаб дар минтақаи Фаластин рух додааст: бино ба ҳолати моҳи июни соли 2025 ҷамъ 588 бинои мактаб осеб дидаанд ё вайрон шудаанд. 538 (95,4 дарсад)-и онҳо дар навори Ғазза ва 50-тояш дар соҳили Ғарбӣ ҷойгиранд.

    Дар Судон аксарияти бачагони синни мактабӣ ба мактаб намераванд. Дар Гаитӣ беш аз 1,4 миллион ноболиғ ба далели афзоиши мизони хушунати гурӯҳӣ ва нооромиҳои шаҳрвандӣ ба таҳсил ниёз доранд, хабар медиҳад ru.euronews.com.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates