Дар мамлакат ҷиҳати модернизатсияи босуръати соҳаи энергетика, бунёди неругоҳ ва зеристгоҳҳои нав, навсозии шабакаҳои магистралӣ, инчунин, тавсеаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия корҳои густурда амалӣ мешаванд.
Дар натиҷаи афзудани соҳаҳои иқтисод ва шумораи аҳолӣ, талабот ба неруи барқ пайваста меафзояд, ки ин рушди шабакаҳои интиқоли барқи баландшиддатро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба маҳсулоти кабелии баландшиддат талаботи устувор ташаккул меёбад.
Корхонаи «Enco Group», ки фаъолияташ ба қонеъ намудани чунин талабот равона шудааст, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Energokomplekt»-и Ҷумҳурии Беларус дар ҳудуди технопарки «Eltech Industrial» дар масоҳати 21 гектар бунёд мегардад. Арзиши умумии лоиҳа тақрибан 60 миллион долларро ташкил медиҳад. Пас аз бо иқтидори пурра ба кор даромандани корхона, дар ин ҷо қариб 600 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Лоиҳа дар ду марҳила амалӣ мешавад. Соле 25 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намудани корхона ва ба 300 миллион доллар расонидани иқтидори содиротии он дар назар аст.
Ҳоло марҳилаи аввали корҳои сохтмонӣ 98 фоиз анҷом ёфта, беш аз 10 миллион доллар сармоя азхуд шудааст. Содироти маҳсулоти корхона ба Олмон, Латвия, Эстония, Булғористон ва кишварҳои ИДМ пешбинӣ шуда, тибқи ҳисобҳои ибтидоӣ, ба 140 миллион доллар расидани ҳаҷми солонаи содирот тахмин карда мешавад.
Соли гузашта ба мамлакат ба маблағи қариб 400 миллион доллар маҳсулоти кабелии баландшиддат ва шинаҳои мисии изолятсияшуда ворид шудааст.
Пас аз ба пурра кор андохтани корхона, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 150 миллион доллар имконпазир мегардад.
Зикр гардид, ки аз 12 корхонае, ки дар ин самт дар Осиёи Марказӣ фаъолият доранд, 4-тоаш ба ҳиссаи Ӯзбекистон рост меояд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки саноати электротехникаи кишвар тадриҷан ба соҳаи тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда табдил меёбад.
Ба роҳбари давлат пешниҳодҳо оид ба нақшаҳои рушди минбаъдаи корхона, васеъ намудани ҳаҷми истеҳсол, зиёд кардани навъҳои маҳсулот ва баланд бардоштани сатҳи маҳаллисозӣ муаррифӣ гардид.
Президент ба масъулон ҷиҳати густариши кооператсияи саноатӣ, истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва боз ҳам пурзӯр намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ супоришҳои дахлдор дод.