Дар ин бора дар гузорише, ки дар веб-сайти ӯ нашр гардидааст, зикр шудааст.
Тибқи ин санад, Президенти ИМА ваколат пайдо мекунад, ки «бо Шоҳигарии Дания музокирот анҷом диҳад, Гренландияро аннексия намояд ё онро ба тариқи дигар ҳамчун ҳудуди ИМА харидорӣ кунад». Пас аз он, Гренландия мумкин аст ҳамчун иёлати ИМА баррасӣ гардад.
Ба гуфтаи Файн, ин лоиҳаи қонун ба «ҳимояи манфиатҳои миллии ИМА дар минтақаи Арктика ва муқовимат бо таҳдидҳои рӯзафзуни Чин ва Русия» равона шудааст.
Президенти ИМА Доналд Трамп борҳо зарурати ҳамроҳ шудани Гренландия ба Иёлоти Муттаҳидаро таъкид карда буд. Дар давраи нахустини президентии худ ӯ пешниҳоди хариди Гренландияро ироа карда, дар моҳи марти соли 2025 изҳор дошт, ки дар сурати рад шудани ин пешниҳод метавонад барои Дания боҷҳои тиҷоратӣ ҷорӣ намояд ва роҳи аннексияро пеш гирад. Сарвазири Дания Метте Фредериксен ин даъвоҳоро рад карда, таъкид намудааст, ки ҷазира ҷузъи подшоҳии Дания мебошад.
Гренландия қаламрави худмухтори Дания аст. Соли 1951 Вашингтон ва Копенгаген илова бар уҳдадориҳои иттифоқчигии НАТО, созишномаи дифоии Гренландияро имзо карданд. Тибқи он ИМА барои ҳимояи ҷазира аз таҷовузи эҳтимолӣ ӯҳдадор шудааст, хабар медиҳад tass.ru.