Муовини ВКХ Ӯзбекистон бо директори департаменти ВКХ Британия мулоқот кард

    21 июни соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фурқат Сидиқов бо директори департаменти оид ба Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ВКХ Бритониёи Кабир Мартин Харрис мулоқот анҷом дод. Дар рафти мулоқот ҳолат ва пешомади рушди минбаъдаи ҳамкории бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Бритониё баррасӣ гардид.

    Ҷониби Бритониё дар бораи омодагиаш ба идома додани дастгирии ислоҳоти васеъмиқёс дар Ӯзбекистон, ки ба навсозии иқтисодиёти миллӣ нигаронда шудааст, аз ҷумла, бинобар хати барномаи мусоидат ба Ӯзбекистон "Идоракунии самарабахш барои таъмини рушди иқтисодӣ" маълум кард.

    Манфиатдории тарафайн ҷиҳати амалӣ намудани иқтидори назарраси мавҷуда оид ба таҳкими шарикӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бори дигар тасдиқ гардид.

    Ба масъалаҳои густариши ҳамкории ҷонибҳо дар расонидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон ва дар соҳаи мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

    Дар мулоқот ҳамчунин доир ба паҳлӯҳои актуалии сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates