Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи ин Созмон баррасӣ шуданд.
Бар аҳамияти тақвияти ҳамкориҳои амалӣ дар ҳамаи самтҳои калидӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои вобастаи СДТ таъкид гардид.
Ба масъалаи татбиқи самараноки ташаббусҳо ва пешниҳодҳои роҳбари давлат, ки дар ҷараёни саммитҳои Созмон баён гардидаанд, таваҷҷуҳи махсус дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Ӯзбекистон.