Муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон нозирони Кувайтро ба ҳузур пазируфт

    30 апрели соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳромҷон Аълоев узви Шӯрои олии машваратии Шӯрои ҳамкорӣ оид ба кишварҳои араби Халиҷи Форс, профессори Донишгоҳи Кувайт Ҳейла Ҳамад ал-Мекейимиро, ки барои назорати рафти референдуми умумихалқӣ ба мамлакати мо омадааст, ба ҳузур пазируфт.

    Нозири байналмилалӣ аз Кувайт қайд кард, ки овоздиҳии умумихалқӣ мутобиқи қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, бахусус фаъолияти шаҳрвандони Ӯзбекистонро дар рафти раъйпурсӣ қайд намуд.

    Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Кувайт дар соҳаи маориф, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштараки фарҳангию гуманитариро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates