Муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ва ҳамоҳангсози мубориза бо терроризм мулоқот анҷом дод

    30 майи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғайрат Фозилов бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Терхи Ҳакала ва ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм Илкка Салми мулоқот кард.

    Оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва ИА мубодилаи афкори муфассал ба амал омад. Зарурати густариши шарикӣ дар мубориза бо таҳдидҳои терроризм, ифротгароии хушунатомез, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қайд карда шуд.

    Намояндагони Иттиҳодияи Аврупо ба таҷрибаи Ӯзбекистон дар баргардонидани шаҳрвандон, бахусус занону кӯдакон аз минтақаҳои муноқиша ва ҳамгироии онҳо ба ҷомеа баҳои баланд доданд.

    Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Манфиатдории тарафайн ба идомаи муколама барои ҳалли вазъи Афғонистон баён шуд. Дар ин замина ҷонибҳо аз баргузории бомуваффақияти мулоқоти чоруми намояндагони махсуси Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид аб Афғонистон 26 майи соли ҷорӣ дар Ашқобод (Туркманистон) истиқбол карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates