Автобуси хатсайрӣ, ки Сирдарёро бо Тоҷикистон мепайвандад, ба роҳ монда шуд

    Нақлиёт 17 Iyun 2022 1146

    Дар хатсайри байналмилалии «Янгиер – Истаравшан – Янгиер» аз шаҳри Янгиери вилояти Сирдарё ба шаҳри Истаравшан (номи пешина Ӯротеппа)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати микроавтобусҳо дар ҳолати санҷишӣ оғоз гардид.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Вазорати нақлиёт, рейсҳоро ҶДММ «Тимур Авто Транс Сервис», ки дар Гулистон сабти ном шудааст ва ҶДММ «Довуд», ки дар Тоҷикистон сабти ном шудааст, анҷом медиҳанд.

    Ҳаракат дар як рӯз як маротиба аз ҳарду тараф анҷом дода мешаванд. Микроавтобусҳо аз автовокзали "Янгиер" соати 7:00 ва аз Тоҷикистон соати 7:30 аз маркази Истаравшан ҳаракат мекунанд.

    Дарозии хатсайр 69 километр буда, роҳкиро 27 000 сӯм муқаррар шудааст. Дар назар аст, ки шумораи рейсҳо дар асоси анбуҳи мусофирон дар як рӯз аз ду то чор адад зиёд карда шавад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates