Ин парвоз аз ҷониби ширкати Easybooking дар ҳамкорӣ бо Air Samarkand зери бренди "Rotana Jet" ташкил карда мешавад. Он ба мусофирон имкониятхои мусоиди саёҳат медиҳад ва ба мустаҳкам шудани алоқаҳои иқтисодӣ ва мадании байни шаҳрҳо ёрӣ мерасонад.
Ал-Айн, чаҳорумин шаҳри калонтарин дар Амороти Муттаҳидаи Араб, бо боғҳои сабз, фаввораҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, аз қабили Қалъаи Ал-Ҷоҳилӣ ва воҳаи овозадор машҳур аст. Шаҳр инчунин як маркази чорабиниҳои фарҳангӣ ва фестивалҳо буда, онро ба як макони ҷолиб барои сайёҳон табдил додааст.
Директори генералии Easybooking Одил Ҳасанов қайд кард, ки ширкат кӯшиш мекунад, ки хидматрасонии баландсифат ва таҷрибаи беназирро пешниҳод кунад. Бастаи сайёҳӣ як сафари 7-рӯзаро пешниҳод мекунад, ки парвозҳо, трансфери қулай, суғурта ва хидматрасониро дар беҳтарин меҳмонхонаҳои силсилаи меҳмонхонаҳои Rotana Hotels дар бар мегирад.
Дар марҳалаи аввал парвозҳо ҳафтае як маротиба дар рӯзҳои якшанбе сурат хоҳанд гирифт.