Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, рафти иҷрои барномаи баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, ки дар якҷоягӣ бо ҷониби Аморот аз соли 2019 амалӣ мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пешравиҳо дар самти пешбурди ҳамаи 25 самти барнома, аз ҷумла лоиҳаҳои «Як миллион барномасози ӯзбекистонӣ», «Акселератори ҳукумат», «Шаҳри бехатар», инчунин дигар самтҳои ҳамкорӣ дар доираи барнома: таҳияи стратегияи миллии рушд, такмили соҳаи суғурта, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, татбиқи инноватсияҳо, рушди иқтидори саноатӣ муфассал мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки дар ду соли охир дар доираи барнома 124 семинари мавзӯӣ гузаронида шуда, татбиқи қариб 100 чорабинӣ оид ба 25 самти барнома анҷом дода шуд, беш аз панҷ ҳазор нафар дар тренингҳои махсуси чӣ дар Ӯзбекистан ва ҳам дар АМА ташкилшуда иштирок намуданд.

 Ҷонибҳо аз оғози ҳамкориҳои амалии Вазорати корҳои ҳукуматии Амороти Муттаҳидаи Араб ва Агентии рушди стратегии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки соли ҷорӣ таъсис ёфтааст, истиқбол карданд.

Ифтитоҳи «Барномаи пешвоёни ҷавон» барои намояндагони ҷавонон, ки дар он ҳайатҳои вакилони ду кишвар иштирок доштанд, далели ин буд.

Консепсияи лойиҳа ташкили таълим ва коромӯзии мутахассисони ҷавони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар муассисаҳои давлатии АМА пешбинӣ менамояд. Барнома ба ташаккули захираи кадрҳо ва омода кардани мутахассисони ҷавон барои идораҳои давлатии Ӯзбекистон дар асоси таҷрибаи беҳтарини Аморати Муттаҳидаи Араб равона шудааст. Мӯҳлати таҳсил, ки ҳам дар шакли рӯзона ва ҳам онлайн сурат мегирад, 2,5 моҳ аст. Омӯзиш дар чунин самтҳо, аз қабили менеҷменти сармоягузорӣ ва молиявӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешбурди содирот ва ғайра сурат мегирад.

Дар марҳилаи аввал 22 нафар намояндагони бахшҳои гуногуни кишвар дар барнома ширкат варзиданд, ки аз рӯи меъёрҳои дахлдори тахассус ва сифатҳои шахсӣ пешакӣ интихоб шуда буданд.

Бинобар ҷамъбасти музокирот ҷонибҳо пайравиашонро аз ҳамкории минбаъда оид ба татбиқи барномаҳо изҳор намуданд ва  ба мувофиқа расиданд, ки якҷоя бобати амиқсозии ҳамкории ба ҳам муфиди ду мамлакат якҷоя кор кунанд, хабар медиҳад Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.