Рейсҳо ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро карда мешаванд.

Рейси аввал 23 феврал соати 17:00 аз автовокзали «Тошканд» равон мегардад.

Нархи сафар — 1 200 000 сӯм.

Дар масир таваққуфи муваққатӣ дар шаҳри Маскав, дар автовокзали «Новоясеневская» пешбинӣ шудааст. Баъдан автобус ба автовокзали шаҳри Санкт-Петербург меравад.

Рейсҳои бозгашт ба Тошканд низ рӯзҳои душанбе ва ҷумъа анҷом дода мешаванд.

Вақти равоншавӣ — соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ аз автовокзали Санкт-Петербург.