Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ин қарор бо мақсади фароҳам овардани шароити иловагӣ барои шаҳрвандоне, ки ният доранд дар намози ид иштирок кунанд, пешгирии бандшавии роҳҳо ва таъмин намудани хизматрасонии бехатару босифати нақлиёти ҷамъиятӣ дар рӯзҳои ид қабул шудааст.