Пешниҳодҳо оид ба рушди минбаъда ва баланд бардоштани рақобатпазирии саноати заргарӣ баррасӣ шуданд

    Ба Президент Шавкат Мирзиёев тақдимот оид ба чораҳои рушди минбаъдаи саноати заргарӣ, дастгирӣ намудани фаъолият оид ба истеҳсол ва фуруши маснуоти заргарӣ, зиёд кардани содироти маҳсулоти тайёр намоиш дода шуд.

    Мамлакати мо барои зиёд кардани истеҳсол ва экспорти маснуоти заргарӣ имкониятҳои калон дорад.

    Тавре сарвари давлат қайд кард, ҳамагӣ 6 дарсади тиллои истихроҷшуда дар кишвар коркард шуда, содироти маҳсулот аз он ҳамагӣ 78 миллион долларро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, таъсис додани минтақаҳои заргарӣ бо шароити махсус барои соҳибкорон, бознигарии таъминоти соҳа бо ашёи хом, тайёр кардани мутахассисон, занҷири истеҳсолот ва низоми фуруш муҳим аст. Дар ин бора Вазорати иқтисод ва молия ва Палатаи савдо ва саноат пешниҳодҳои дахлдор таҳия кардаанд.

    Аз ҷумла, беҳтар намудани фаъолияти иттиҳодияи «Ӯзбекзаргарсаноати», васеъ намудани ваколатҳои он ва аз нав ташкил кардани системаи идоракунӣ пешбинӣ шудааст.

    Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони саноат пешниҳод шуд, ки имтиёзҳое, ки барои аъзои иттиҳодияи «Ҳунарманд» пешбинӣ шудаанд, ба соҳибкорони инфиродӣ – истеҳсолкунандагони ҷавоҳирот, ки узви иттиҳодияи «Ӯзбекзаргарсаноати» мебошанд, низ татбиқ карда шаванд.

    Имконияти то 1 октябри соли 2026 барқарор намудани ставкаи сифрии боҷи гумрукӣ ва андози арзиши иловагӣ барои таҷҳизот, масолеҳи бандубастӣ ва тамғакунӣ, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд ва дар соҳаи заргарӣ истифода мешаванд, мавриди омӯзиш қарор мегирад.

    Масъалаҳои ташкили марказҳои махсуси заргарӣ, аз ҷумла майдонҳои истеҳсолӣ, намоишӣ ва савдо баррасӣ шуданд. Маълумот дар бораи ҷорӣ кардани лоиҳаҳои пилотӣ дар Тошканд ва вилояти Намангон тақдим карда шуд.

    Масъалаи зиёд кардани ҳаҷми экспорти маснуоти заргарӣ муҳокима шуд. Таклиф карда шуд, ки барои содироти маснуоти заргарӣ, ки дар мамлакати мо истеҳсол карда мешавад, ба Иёлати Муттаҳидаи Амрико аз рӯи системаи GSP ставкаи сифрии боҷи гумрукӣ муқаррар карда шавад.

    Сарвари давлат дастур дод, ки тадбирҳои пешниҳодшуда ба итмом расонда, барномаи рушди истеҳсоли заргарии ватанӣ барои давраи то соли 2027 таҳия карда шавад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates