«Масъалаи ҳудудҳо — ин масъалаест, ки мо онро байни ман ва Путин мегузорем», — гуфт Зеленский.

Ӯ хабар дод, ки маҳз Русия пешниҳод кардааст, ки аввал мулоқоти шахсӣ баргузор шавад, сипас ҳамоиши сегона бо иштироки президенти ИМА Доналд Трамп. Ба гуфтаи ӯ, вай ба ин розӣ шудааст.

Роҳбари Украина бар он аст, ки мулоқот бо Путин бояд «бидуни ягон шартҳо» баргузор шавад.

Пас аз гуфтушунид бо Трамп ӯ изҳор дошт: «Ин беҳтарин мулоқоти мо буд».

Ба иттилои AFP, президенти Русия ба ҳамтои амрикоиаш изҳор доштааст, ки омода аст бо Зеленский мулоқот кунад. Пештар Путин гуфта буд, ки умуман зидди мулоқот бо раҳбари Украина дар “шароити муайян” нест, аммо «то фароҳам овардани чунин шароит ҳанӯз роҳ дур аст».

Трамп эълон кард, ки омодагӣ ба гуфтушунидҳои президентҳои Русия ва Украина оғоз мешавад. Баъди онҳо мулоқоти сегона — аллакай бо иштироки раҳбари амрикоӣ — баргузор мегардад, менависад rbc.ru.

Канслери Олмон Фридрих Мерсц хабар дод, ки Путин ва Зеленский дар давоми ду ҳафтаи наздик мулоқот хоҳанд кард. Ба гуфтаи президенти Фаронса Эммануэл Макрон, гуфтушунидҳо «дар рӯзҳои наздик» баргузор мешаванд.