Ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Садир Нурғоҷоевич Жапаров, барои ташаббуси баргузории ҷаласаи имрӯза дар формати «ШҲС плюс» самимона изҳори сипос менамоям.

Имрӯз мо нақши Созмони Милали Муттаҳидро дар ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ баррасӣ мекунем. Дар шароити тағйироти дар ҷаҳон баамалоянда муайян намудани он муҳим аст, ки давлатҳо ва иттиҳодияҳои минтақавӣ чӣ гуна метавонанд ба ниҳодҳои ҷаҳонӣ дар самти самараноктар иҷро намудани рисолати умумии онҳо мусоидат кунанд.

Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши марказӣ ва ҳамоҳангсозии худро нигоҳ дорад, сохторҳои минтақавӣ бошанд, талошҳои онро пурра намоянд. Пеш аз ҳама, тавассути мусоидат ба татбиқи амалии принсипҳо ва қарорҳои умумӣ бо такя ба шароит, ниёзҳо ва имкониятҳои маҳаллӣ. Мо маҳз дар чунин ҳамоҳангӣ заминаи бисёрҷонибагароии устуворро мебинем.

Тартиботи нави ҷаҳонӣ бояд на танҳо таносуби қувваҳои ҷаҳониро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшад, балки ба ҳалли одилонаи мушкилоти минтақавӣ низ мусоидат намояд.

Дар ин замина, формати «ШҲС плюс» маънои хоссаи амиқ пайдо мекунад, ки аз доираи танҳо ҷаласаи васеи Созмони ҳамкории Шанхай берун меравад. Ин майдон метавонад давлатҳо, минтақаҳо ва созмонҳоро дар атрофи рӯзномаи муштарак муттаҳид созад. Дар ин ҷо метавон ва бояд оид ба ҳамоҳангсозии ташаббусҳои гуногун ва ташаккули меъмории идоракунии ҷаҳонӣ муколама анҷом дод.

Муҳтарам иштирокчиёни ҷаласа!

Ӯзбекистон ба рушди ҳамкории боз ва мутақобилан судманд дар фазои Авруосиё содиқ аст.

Барои мо пайвастагии минтақавӣ масъалаи мустақилияти стратегӣ ва устуворӣ мебошад. Мо ҷонибдори чунин бисёрқутбагароӣ ҳастем, ки хатҳои нави ҷудоикунандаро ба вуҷуд наоварад, балки фазои имкониятҳоро васеъ намояд, ки дар он лоиҳаҳо ва ташаббусҳои минтақавӣ бо ҳам рақобат накунанд, балки якдигарро самаранок пурра созанд.

Муҳтарам сарони ҳайатҳо!

Мехоҳам як қатор пешниҳодҳоро ба миён гузорам.

Пеш аз ҳама, муҳим мешуморам, ки формати «ШҲС плюс» ҳамчун майдони муколамаи байниминтақавӣ рушд дода шавад.

Пешниҳод менамоям, ки ба чунин самтҳои мушаххас, аз қабили рушди устувор, ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди сармояи инсонӣ, таҳсилоти дастрас ва дастгирии ҷавонон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Мо бояд мубодилаи таҷрибаро густариш диҳем, равишҳоро ҳамоҳанг созем ва дар доираи Созмони Милали Муттаҳид барои пешбурди қарорҳои муштарак якҷоя амал намоем.

Формати «ШҲС плюс» метавонад ба таври комил ҳамчун платформа барои таъсиси Шабакаи шарикии созмонҳои минтақавӣ баромад кунад. Вазифаи асосӣ аз роҳандозии робитаҳои доимии корӣ байни котибот ва мақомоти соҳавии онҳо барои татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар макроминтақаи мо иборат мебошад.

Ҳамзамон, зарур аст, ки иқтидори созмонҳои минтақавӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид фаъолонатар истифода бурда шавад.

Бисёр давлатҳо бо мушкилоти ба ҳам монанд рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо роҳҳои ҳалли бомуваффақият дар як минтақа татбиқшаванда аксар вақт дар минтақаи дигар номаълум боқӣ мемонанд.

Ҳамчун механизми мубодилаи таҷриба пешниҳод менамоям, ки Бонки кушодаи лоиҳаҳо ва технологияҳои байниминтақавӣ дар соҳаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, энергетикаи «сабз», хидматрасониҳои рақамӣ ва тандурустӣ таъсис дода шавад.

Тавсеаи ҳамкории васеи иқтисодӣ дар макроминтақаи мо аҳамияти хосса пайдо мекунад. Соҳибкорон бояд дар ҳама ҷо натиҷаҳои воқеиро — дар шакли содда намудани расмиёти дастрасӣ ба бозорҳо, ба роҳ мондани долонҳои фаромарзӣ ва ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ эҳсос кунанд.

Бо дарназардошти чунин нишондиҳандаҳои мушаххаси самаранокӣ, пешниҳод менамоям, ки ба форуми «ШҲС Инвест» мақоми платформаи доимоамалкунанда дода шавад.

Муҳтарам ҳамкорон!

Дар тӯли чоряк аср Созмони ҳамкории Шанхай таҷрибаи нодири ҳамкории давлатҳоеро ҷамъ кардааст, ки дорои низомҳои гуногуни сиёсӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва дидгоҳҳои мухталиф ба равандҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дар рушди минбаъдаи ин мубодилаи васеъ пешниҳод менамоям, ки Форуми доимии фарҳангҳо ва тамаддунҳои «ШҲС плюс» таъсис дода шавад.

Мо омода ҳастем, ки ин чорабиниро якҷо бо сохторҳои манфиатдори СММ дар шаҳри Хиваи мо — маркази қадимаи илму маърифат  баргузор намоем.

Дӯстони муҳтарам!

Иҷозат диҳед бори дигар таъкид намоям, ки мо дар формати «ШҲС плюс» майдонеро мебинем, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Ҳар қадар нуқтаҳои ба ҳам наздикшавии байни кишварҳо ва минтақаҳо бештар бошанд, ҳамон қадар замина барои субот ва эътимоди мутақобила устувортар мегардад.

Ӯзбекистон омода аст минбаъд низ барои таҳкими некуаҳволии умумӣ ва рушди шарикии бисёрҷониба саҳми назарраси амалӣ гузорад.