Бахусус, Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ, ки миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шоҳигарии Уммон имзо гардид, ба марҳалаи комилан нав бардоштани муносибатҳои дуҷониба нигаронида шуда, рушди ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо пешбинӣ менамояд.
Инчунин, зимни маросим беш аз 30 санади қабулшуда мубодила карда шуданд, ки масъалаҳои озодкунии мутақобила бо раводид, кооператсияи саноатӣ, молия ва иқтисодиёт, савдои имтиёзнок, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, гумрук, нақлиёт ва логистика, коммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, манзил ва шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, меҳнат ва захираҳои инсонӣ, таълим, фарҳанг ва варзиш, идоракунӣ ва хидмати давлатӣ, бойгонӣ ва дигар самтҳоро дар бар мегиранд.