Тавре агентии «Report» бо истинод ба Агентии миллии иттилоотии Муғулистон — МОНЦАМЭ хабар медиҳад, ӯ дар нишасти матбуотӣ ин нуктаро эълон кардааст.
«Тавре ҳамаи шумо медонед, дар давоми як моҳи охир баъзе гурӯҳҳои ҷиноятӣ беибо ба шаъну шараф ва ниҳоди президентии Муғулистон ҳамла карда, обрӯи онро паст мезананд. Маро дар робита ба ҷинояти аҷиб ва ниҳоят ҷиддӣ туҳмату таҳқир карданд. Муддате хомӯш монда, вазъиятро мушоҳида кардам. Аммо ҳамчун шахсе, ки вазифаи масъулиятнокро бар дӯш дорад, қарор додам, ки имрӯз ин изҳоротро баён намоям. Дар назди қонун ҳама баробаранд. Дирӯз гурӯҳи Ҳизби демократ мавқеи худро баён кард, ки тибқи он Президенти Муғулистон бояд аз мақомаш истеъфо дода, нисбат ба ин масъала тафтишот гузаронида шавад. Ман бо ин мавқеъ розӣ ҳастам», — гуфтааст ӯ.
Тибқи Конститутсияи Муғулистон, дар сурати истеъфо, аз вазифа барканор шудан ё вафоти президент, парлумон дар бораи қатъи ваколатҳои ӯ қарор қабул мекунад. То замони интихоб шудани сарвари нави давлат вазифаи президентро раиси парлумон иҷро менамояд. Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ бояд дар давоми чор моҳ баргузор гардад.