Тибқи фармони Президент аз 25 марти соли 2026, аксияҳои
«Рӯзи бе мошин» ва «Ҳафтаи бе мошин» ҳар моҳ рӯзҳои 10-ум ва 25-ум баргузор
мешаванд.
Ҳадафи аксия коҳиш додани партовҳои зараровари воситаҳои
нақлиёт, кам кардани сарбории нақлиётӣ ва ташвиқи истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ
ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.
Кумитаи миллии экология аз ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ,
инчунин шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин аксия иштирок намуда, дар сурати
имкон аз истифодаи мошинҳои шахсӣ даст кашанд ва ба ҷойи он аз нақлиёти ҷамъиятӣ,
дучархаҳо, мошинҳои барқӣ ва дигар намудҳои нақлиёти экологӣ истифода баранд.
Ҳамзамон, истифодаи мошинҳои хидматӣ аз ҷониби хидматчиёни
давлатии шаҳрвандӣ дар доираи ин аксия боиси ҷавобгарӣ мегардад.