Феруза Казаковаи
22-сола, ки тарбиятёфтаи мактаби бокси Андиҷон аст, хуб дарк мекард, ки барои
ба ҳамдастагонаш рӯҳияи мусбат бахшидан бояд танҳо пирӯз шавад. Аммо рақибаш
низ ҳарифи осон набуд — муштзани таиландӣ дар финали Бозиҳои Осиё-2022 иштирок
карда буд ва танҳо ба Ю Ву, муштзани чинӣ ва қаҳрамони ояндаи Олимпиадаи
Париж-2024, мағлуб шуда буд.
Бо вуҷуди ин,
варзишгари мо аз уҳдаи масъулияти ба зиммааш гузошташуда баромада, дар ин
набард бо қарори якдилонаи доварон аз рӯйи холҳо бо итминон пирӯз шуд.
Дар ин бора
канали Телеграми Федератсияи бокси Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Дар барномаи имрӯз
боз ду рақобат бо иштироки муштзанҳои мо дар назар аст. Дар вазни то 70
килограмм Шавкатҷон Болтаев бо Ким Ҷонсу аз Кореяи Ҷанубӣ вориди набард
мешавад. Сипас, дар вазни то 65 килограмм Навбаҳор Ҳамидова, барандаи ду медали
нуқраи чемпионатҳои ҷаҳон (Ниш-2025 ва Ливерпул-2025), бо Сеон Суджин аз Кореяи
Ҷанубӣ қувваозмоӣ мекунад.
Ба варзишгарони
мо барору комёбӣ орзумандем!