Тавре Маркази таҳлилӣ ва иттилоотии қарзӣ хабар медиҳад, аз шумораи умумии истифодабарандагон:

1 497 389 нафар мардон;

1 076 637 нафар занон мебошанд.

Хидмати «Манъи қарз» ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки барои пешгирӣ аз амалҳои эҳтимолии қаллобӣ, имкони ба номи худ гирифтани қарзро бе ризоияти шахсӣ маҳдуд намоянд.

Фаъол ё ғайрифаъол кардани ин хизмат ҳам ба таври онлайн ва ҳам офлайн имконпазир аст.

Тарзҳои онлайн:

тавассути барномаи мобилии KATM, ки дар он бояд аз менюи асосӣ бахши «Манъи қарз» интихоб карда шавад;

тавассути кабинети шахсӣ дар сомонаи portal.infokredit.uz;

тавассути Портали ягонаи давлатии хизматрасониҳои интерактивӣ (my.gov.uz) ва барномаи мобилии он дар бахши «Муайян ё бекор кардани манъи бастани шартномаи қарзӣ», ки дар он ҳам фаъол ва ҳам ғайрифаъол кардани хизмат дастрас аст.

Тарзи офлайн:

Шаҳрвандон метавонанд ба ҳар кадом Маркази хизматрасониҳои давлатӣ ё мустақиман ба бюрои қарзии KATM муроҷиат намуда, хидматро фаъол ё ғайрифаъол созанд.

Ин хизмат ройгон буда, ба баланд бардоштани амнияти маълумоти шахсӣ ва коҳиш додани хатари гирифтани қарзҳои қаллобона мусоидат мекунад.