Дар доираи лоиҳаи сохтмони «Тошканди Нав», ки татбиқи он се сол пеш оғоз гардида буд, давлат барои рушди инфрасохтор ва бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ маблағҳои зиёд ҷудо мекунад. То имрӯз ба ин шаҳри нав беш аз 2 миллиард доллар сармоягузорӣ шудааст. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки суръати ҷалби бахши хусусӣ ба корҳои сохтмонӣ ба имкониятҳои мавҷуда мувофиқат намекунад.

Барои «Тошканди Нав» дар маҷмӯъ 20 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст. Дар марҳалаи аввал дар ҳудуди 6 ҳазор гектар татбиқи лоиҳаҳо ба маблағи 50 миллиард доллар пешбинӣ гардидааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар масоҳати беш аз 1 ҳазор гектар ҷараён доранд, дар ҳоле ки ба соҳибкорон ҳамагӣ 94 гектар замин ҷудо шудааст.

— «Тошканди Нав» ин ҳудудест барои сохтмони на танҳо манзилҳои нав, — таъкид кард Президент.

Шаҳри нав бояд ба маркази мустақили иқтисодӣ табдил ёбад, ки дар он соҳаҳои соҳибкорӣ, маориф, тиб, сайёҳӣ ва хидматрасонӣ мутамарказ шаванд. Дар ин робита, зикр гардид, ки аз қитъаҳои замини ба сармоягузорон ҷудошуда аз се ду ҳиссаи он ба лоиҳаҳои манзилсозӣ рост меояд. Ҳамзамон, дар 28 қитъаи замин корҳои фаъоли сохтмонӣ ҳанӯз оғоз нашудаанд.

Сарвари давлат таъкид кард, ки вазъи баамаломадаро танҳо бо надоштани маблағ ё таваҷҷуҳ аз ҷониби сармоягузорон шарҳ додан дуруст нест. Монеаҳои асосӣ талаботи кӯҳнашуда, ба таъхир афтодани додани иҷозатномаҳо ва мавқеи баъзе идораҳо мебошанд, ки на ҳамчун шарик, балки ҳамчун ниҳоди назоратӣ амал мекунанд. Аз ин рӯ, вазифа гузошта шуд, ки тамоми расмиёт — аз ҷудо кардани қитъаи замин ба соҳибкор то ба истифода супурдани иншоот — бозбинӣ карда шавад.

То охири сол дар «Тошканди Нав» ба истифода додани 20 ҳазор манзил ба нақша гирифта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки барои ҳадди ақал 70 ҳазор нафар муҳити нави зиндагӣ фароҳам оварда шавад. Президенти мамлакат таъкид намуд, ки ҳамзамон бо сохтмони манзилҳо бояд аҳолӣ бо хидматрасониҳои зарурӣ дар соҳаҳои истироҳат, варзиш, савдо, маориф ва тандурустӣ низ таъмин гардад.

Дар шаҳр варзишгоҳ бо 55 ҳазор ҷойи нишаст, ки ба талаботи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ҷавобгӯ мебошад, сохта мешавад. Бо назардошти баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни ҷавонони то 20-сола дар соли оянда, супориш дода шуд, ки талабот ба меҳмонхонаҳо, муассисаҳои хӯроки умумӣ ва иншооти фароғатӣ арзёбӣ гардида, ба соҳибкорон пешниҳодҳои мушаххаси сармоягузорӣ манзур карда шаванд.

Дар ташаккули ҳаёти иқтисодӣ ва соҳибкории шаҳри нав кӯчонидани мақомоти давлатӣ низ нақши муҳим дорад. Айни замон вазоратҳои сохтмон, нақлиёт ва энергетика дар ин ҷо фаъолият мекунанд ва барои кормандони дигар идораҳо низ биноҳо сохта мешаванд. Супориш дода шуд, ки раванди кӯчонидани вазоратҳо ва ташкилотҳои давлатии боқимонда ба «Тошканди Нав» низ оғоз карда шавад.

Зимни мулоқот зарурати васеъ намудани имкониятҳои сармоягузорон барои пешниҳоди ташаббусҳо ҳангоми татбиқи нақшаи генералии шаҳр таъкид гардид.

Дар сурати пешниҳод шудани лоиҳаҳои нодири ба манфиати шаҳр ҷавобгӯ, пешниҳодҳо оид ба тағйир додани масоҳати қитъаҳои замин ё таъйиноти функсионалии иншоот бояд фавран ва дар асоси меъёрҳои мушаххас баррасӣ шаванд. Ҳамчунин, вазифа гузошта шуд, ки шумораи қитъаҳои замине, ки барои онҳо консепсия, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва иҷозатномаи сохтмон пешакӣ омода шудаанд, зиёд карда шавад.

Барои ҷалби иншооти бузурги тиҷоратӣ механизми ҷудо кардани қитъаҳои замин дар асоси ташаббуси ошкоро ва принсипи «Swiss Challenge» ҷорӣ карда мешавад. Мувофиқи ин тартиб, пас аз эълони оммавии ташаббуси сармоягузор, ба дигар иштирокчиён низ имконият дода мешавад, ки шартҳои нисбатан судманд пешниҳод намоянд. Агар чунин пешниҳодҳо ворид нашаванд, қитъаи замин ба ташаббускори аввалия ҷудо карда мешавад.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии сохтмони иншооти хидматрасонӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ ҳаҷми пардохтҳои инфрасохторӣ бозбинӣ мегардад. Меъёри асосии пардохт барои иншооти савдо, корхонаҳои хидматрасонӣ ва марказҳои тиҷоратӣ се баробар, барои меҳмонхонаҳо ва иншооти сайёҳӣ панҷ баробар ва барои муассисаҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ даҳ баробар кам карда мешавад. Барои кӯдакистонҳо, мактабҳо ва беморхонаҳои хусусӣ ҳаҷми пардохт 1 фоиз муқаррар мегардад. Ин тартиби нав ба лоиҳаҳое низ татбиқ хоҳад шуд, ки сохтмони онҳо аллакай оғоз ёфтааст.

Ҳамчунин, тадбирҳо оид ба кам кардани хароҷоти вобаста ба татбиқи стандартҳои «сохтмони сабз» дар «Тошканди Нав» муайян гардиданд. Барои иншооти ғайриистиқоматӣ, ки арзиши онҳо аз 50 миллион доллар зиёд аст, хароҷоти гирифтани сертификати «сабз» пурра аз ҷониби давлат пардохт карда мешавад.

Талаботи кабудизор кардани 30 фоизи ҳар як қитъаи замине, ки аз ҷониби сармоягузор харидорӣ мешавад, дар ин ҷо татбиқ намегардад: давлат мутобиқи нақшаи генералии шаҳр кабудизор кардани 30 фоизи ҳудуди шаҳрро таъмин мекунад.

Барои ҳар як лоиҳае, ки арзиши он аз 50 миллион доллар зиёд аст, намояндаи масъул вобаста карда мешавад. Ӯ сармоягузорро то ба истифода супурдани иншоот ҳамроҳӣ хоҳад кард. Инчунин, барои чунин лоиҳаҳо созишномаҳои алоҳидаи сармоягузорӣ баста мешаванд, ки дар онҳо уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои татбиқи лоиҳа бо назардошти хусусиятҳои он муайян мегарданд.

Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои нав барои соҳибкорони тамоми минтақаҳои кишвар, дар «Тошканди Нав» ба ҳар як ноҳияи шаҳри Тошканд ва ҳар яке аз 13 минтақаи дигари ҷумҳурӣ 100 гектар замин ҷудо карда мешавад. Дар музоядаи аввалияи ин қитъаҳои замин соҳибкорони минтақаҳои дахлдор иштирок карда метавонанд.

Барои сармоягузорони хориҷӣ 50 қитъаи замини аввалия муайян карда шудааст. Маҷмӯи пешниҳодҳо бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавии қитъаҳо, ҳисобу китобҳои иқтисодӣ ва маълумот дар бораи имкониятҳои фароҳамовардашуда тавассути намояндагиҳои дипломатӣ ирсол мегардад. Ба вазирон низ супориш дода шуд, ки дар вохӯриҳо бо ширкатҳои бузурги хориҷӣ муаррифии лоиҳаҳои «Тошканди Нав»-ро ба таври мунтазам баргузор намоянд.

Ҳамчунин, масъалаи сохтмони массиви «Ширин» дар шаҳри Самарқанд баррасӣ гардид. Суръати сусти корҳои сохтмонӣ мавриди танқид қарор гирифта, дар бораи ба ин массив низ татбиқ намудани имтиёзҳо ва имкониятҳои барои «Тошканди Нав» пешбинишуда қарор қабул карда шуд.

Зимни баррасии масъалаи ҷудо кардани сармоягузорон ба ватанӣ ва хориҷӣ Президент таъкид кард: «Сармоя, ғояҳои пешқадам ва меҳнати ҳалол миллат надоранд!» Дар ин робита, зикр гардид, ки ҳар як соҳибкоре, ки дар сохтмони «Тошканди Нав» ва массиви «Ширин» иштирок мекунад, дар рушди кишвари мо саҳм мегузорад.

Сипас, сарвари давлат бо сармоягузорон суҳбат анҷом дода, пешниҳод ва ташаббусҳои онҳоро шунид.