Дар чорабинӣ директори Агентии кор бо ҷавонон Алишер Саъдуллоев, муовини ҳокими шаҳри Тошканд Дурдона Раҳимова, раиси Шӯрои идораи Бунёди дастаи технологии Туркия (T3 Vakfı) Элван Кузуҷу Ҳидир, сафири Туркия дар Ӯзбекистон Уфуқ Улуташ, инчунин донишҷӯён, ҷавонони фаъол ва намояндагони доираҳои васеи ҷомеа иштирок карданд.
Маркази нав ба рушди дониш ва малакаҳои муосири ҷавонон мусоидат хоҳад кард.
Дар ин ҷо ҷавонон метавонанд донишҳои амалиро оид ба робототехника, зеҳни сунъӣ, авиатсия, технологияҳои кайҳонӣ ва илмҳои дақиқ ба даст оранд. Ҳамчунин, онҳо имконият доранд, ки забонҳои хориҷиро ба таври интерактивӣ омӯзанд.
Фаъолияти марказ, ки дар ҳамкории Агентии кор бо ҷавонон, ҳокимияти шаҳри Тошканд, «Дафтари лоиҳавии панҷ ташаббус» ва Бунёди дастаи технологии Туркия таъсис ёфтааст, ба баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба илм ва навоварӣ, инчунин омода намудани онҳо барои ворид шудан ба бозори байналмилалии таҳсилот ва меҳнат равона гардидааст.
Ба фаъолият оғоз кардани маркази «Bilim Toshkent» дар роҳи татбиқи неруи илмӣ ва эҷодии ҷавонони пойтахт, тарбияи ихтироъкорони оянда ва омода намудани мутахассисони баландихтисос қадами муҳим ба шумор меравад.