Вячеслав Голишев 4 майи соли 1951 дар шаҳри Омски Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Соли 1972 Донишкадаи хоҷагии халқи Тошканд (ҳоло Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд)-ро аз рӯйи ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Соли 1980 аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносовро ба итмом расонда, рисолаи номзадии худро ҳимоя кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро дар соҳаи матбаа ҳамчун иқтисодчӣ оғоз намуда, баъдан дар Донишкадаи хоҷагии халқи Тошканд, Институти илмию тадқиқотии иқтисод ва меъёрҳои назди Кумитаи давлатии нақшаи Ӯзбекистон, инчунин дар вазифаҳои гуногуни мақомоти ҳизбӣ ва давлатии ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст.
Дар солҳои 1992–1995 ба ҳайси муовини директори Институти мушкилоти ҷаҳонии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин муовини якуми раиси Кумитаи давлатии муайянсозии дурнамо ва омор кор кардааст.
Солҳои 2005–2006 В.А. Голишев дар вазифаҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири иқтисодиёт ва роҳбари маҷмааи масъалаҳои иқтисодӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ фаъолият намуда, ба самтҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат роҳбарӣ кардааст.
Тӯли солҳо ҳамчун корманди фаъолу ташаббускор дар соҳаи идоракунии давлатӣ дар уҳдадории мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон фаъолият намуда, таҷрибаи ғанӣ, дониши амиқу иқтидор, фидокорӣ ва ватандӯстии худро нишон додааст. Дар таҳияи барномаҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои консептуалӣ оид ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии мамлакат бевосита иштирок кардааст.
Чанд маротиба депутати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуда, дар рушди парламентаризм ва такмили пойгоҳи қонунгузории ислоҳоти кишвар саҳми шиста гузоштааст.
Ҷиҳати омода намудани насли нави кадрҳои иқтисодӣ низ фаъолона кор кардааст.
Хидматҳои бузурги Вячеслав Голишев дар назди мамлакат ва халқ аз тарафи давлат муносиб эътироф гардидааст. Ӯ бо унвони фахрии «Ўзбекистон Республикасида хизмат кўрсатган иқтисодчи» ва ордени «Дӯстлик» мукофотонида шудааст.
Хотираи арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, олим ва коршиноси барҷастаи соҳаи иқтисод, устоди меҳрубони ҷавонон, инсони самимӣ ва хоксор Вячеслав Аркадевич Голишев ҳамеша дар дилҳои мо боқӣ хоҳад монд.
Ш. Мирзиёев, Т. Норбоева, Н. Исмоилов,
А. Арипов, Ш. Аюпов, С.Турдиев