28 август дар Хиёбони хотираи шаҳидон намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, уламову нурониён ва аҳли зиё ҷамъ омаданд.

Дар маросими ёдбуди қурбониёни таъқиб Президент Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Ба хотири фидокорони Ватан Қуръон тиловат ва дуо хонда шуд. Ба мардум ош пешкаш гардид.

Дар канори қабри рамзии хиёбон низ Қуръон тиловат карда шуд. Дар ҳамин ҷо мулоқоти роҳбари давлат бо уламову зиёиён оид ба масъалаҳои ҳифзи хотираи таърихӣ, барқарор намудани номи қурбониёни таъқиб, инчунин, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ баргузор шуд.

– Имрӯзҳо якҷо бо мардуми кишвар 35-солагии истиқлолиятро бо шодмониҳои бузург пешвоз мегирем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Сию панҷ сол ин ҷониб ба ҳеҷ кас тобеъ нашуда, зери чунин осмони софу ором озодона ва фаровон зиндагӣ дорем. Ин бахти бузург, сарвати бебаҳост. Дар чунин рӯзҳои пурифтихор ба ёд овардани ниёгони қаҳрамони худ, ки дар роҳи истиқлолу озодӣ ҷон фидо кардаанд, арҷ гузоштан ба хотираи онҳо вазифаи муқаддаси мост.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки қаҳрамонии ниёгони фидокорамон ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷасорати онҳо ҳамеша барои мардуми мо манбаи неруи маънавӣ боқӣ мемонад.

– Ғояи накӯи «Барои қадри инсон!», ки дар меҳвари ҳамаи ислоҳоти мо қарор дорад, боз ҳам тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати шод намудани рӯҳи падарону бобоёни ҷасури худ ва амалӣ кардани орзуву ниятҳои онҳоро тақозо менамояд. Хотираи чунин инсонҳои азизро чӣ қадар арҷ гузорем, қадру қимати зиндагии осоиштаи кунунии мо ва истиқлоли миллиамон ҳамон қадар меафзояд, – гуфт Президент.

Солҳои охир бобати абадӣ гардондани хотираи қурбониёни таъқиб ва барқарор намудани адолати таърихӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Осорхонаи давлатии хотираи қурбониёни таъқиб, воқеъ дар Хиёбони хотираи шаҳидон, пурра таҷдид гардида, экспозитсияи он ғанӣ ва бо технологияҳои муосир таҷҳизонида шуд. Бо ёрии сохторҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъсирбахшии намоишгоҳҳо афзуд.

Осорхонаҳои қурбониёни таъқиб, ки дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳамаи вилоятҳо таъсис ёфтаанд, низ дар асоси талаботи замон таҷҳизонида шуданд. Фондҳои онҳо бо ҳуҷҷат ва аксҳои нодире, ки аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон оварда шудаанд, ғанӣ мегарданд.

Тӯли солҳои 2021–2025 аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 1 ҳазору 200 нафар ҳамватанонамон, ки қурбони таъқиб шуда буданд, сафед карда шуданд. Имсол боз номи 161 нафар ҳамватанонамон, ки дар давраи сохти собиқи мустабид ноҳақ айбдор шуда, ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ ё ба қатл маҳкум гардида буданд, сафед карда шуд.

Дар панҷ соли охир бахшида ба омӯзиши мероси ниёи ҷадиди мо мунтазам конференсияҳои илмиву амалӣ баргузор мешаванд. Номи ҳамватанонамон, ки дар низоми мустабид ноҳақ қурбон шудаанд, муайян гардида, фаъолият, мероси илмӣ ва эҷодии онҳо мавриди омӯзиш қарор мегирад. Маълумот дар бораи садҳо, ҳазорон ҳамватанони фидокорамон тавассути китобҳо, матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба мардум расонда мешавад.

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки солҳои 80-уми асри гузашта ҳазорҳо нафар ҳамватанонамон низ бо ҷурмҳои сохтаи «кори пахта», «кори ӯзбек» ба таъқибҳои сиёсӣ гирифтор шудаанд. Солҳои 1983–1990 қариб 40 ҳазор нафар ӯзбекистонӣ тафтиш гардида, 5 ҳазор нафари онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд. Имрӯз дар ин самт низ адолати таърихӣ барқарор мегардад. Гуфта шуд, ки чунин корҳои наҷиб минбаъд низ пайгирона идома хоҳанд ёфт.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки афзоиши низоъҳои мусаллаҳона ва зиддиятҳои сиёсӣ дар ҷаҳон ва то минтақаҳои ба мо наздик низ расидани онҳо боиси нигаронист. Ин аз мо тақозо мекунад, ки сулҳу осоиштагии кишварамонро қадр намуда, боз ҳам муттаҳиду ҳамдилона зиндагӣ кунем.

– Роҳи мо роҳи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорист. Ӯзбекистон аз ин роҳ ҳеҷ гоҳ барнамегардад, – гуфт Президент.

Имрӯз ҳамватанони мо ба мамлакати дилхоҳи ҷаҳон метавонанд озодона сафар кунанд ва Ӯзбекистон бо ҳамаи давлатҳо дар асоси баробарӣ ҳамкорӣ менамояд. Ин ифодаи амалии комилан раҳо ёфтани мо аз занҷирҳои мустамликадорӣ ва «ғуломии пахта» мебошад.

Таъкид гардид, ки бар пояи илму маърифат бунёд намудани ҳаёт ва оянда, ҳамкории дӯстона бо кишварҳои дуру наздик – шарти муҳими пешрафти Ӯзбекистони Нав мебошад. Бузургони ҷадиди мо беҳуда миллатро ба бедорӣ, илму маърифат даъват накардаанд. Мактаби мубориза ва маърифати онҳо имрӯз ҳам аҳамияти бениҳоят бузург дорад.

Аз ин рӯ, ба таълими босифат гирифтани ҷавонон, ҳамчун инсонҳои ватандӯст ба камол расидани онҳо эътибори калон дода мешавад. Дар даҳ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 77 ба 205 адад расид, квотаи қабул мунтазам зиёд карда шуд. Дар боргоҳҳои таълимие, ки шомили ТОП-100 ҷаҳон ҳастанд, беш аз 3 500 нафар фарзандонамон таҳсил мегиранд. Дар низомҳои таълими мактабӣ ва томактабӣ низ тағйироти муҳим амалӣ мешаванд.

– Мо бояд ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ғурури миллӣ аҳамияти махсус диҳем. Ифтихори миллӣ неруи пуриқтидорест, ки қалб, дил ва тамоми вуҷуди инсонро аз нерӯю ғайрат саршор месозад. Одаме, ки ғурури миллӣ дорад, ҳеҷ гоҳ мағлуб намешавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар пойтахт Маркази тамаддуни исломӣ бунёд гардид, маҷмааи Имом Бухории Самарқанд комилан аз нав сохта шуд, дар Марғелон Марказ ба номи Бурҳониддин Марғинонӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Инҳо собит менамоянд, ки роҳи рушди Ӯзбекистони Нав роҳи сулҳ, дӯстиву бунёдкорӣ, илму маърифат мебошад.

Ба шарофати ислоҳоте, ки тӯли даҳ соли охир дар соҳаи дину маърифат амалӣ гардиданд, зиёда аз 100 ҳазор нафар ҳамватанони мо ба мақоми ҳоҷӣ соҳиб шуданд. Роҳбари давлат изҳори бовар кард, ки аҳли ҷомеаи дин дар таҳкими муҳити меҳру муҳаббат дар ҷамъият ва раванди тарбияи дурусти ҷавонон боз ҳам фаъол иштирок хоҳанд кард.

– Имрӯз дар ин маскани муборак истода, барои ҳаёти осуда ва дастовардҳое, ки ноил мегардем, ба Офаридгор шукронаи беҳисоб мегӯем. Рӯҳи падару бобоёни қаҳрамон ва бибиҳои ҷасури мо, ки орзуи чунин рӯзҳои озоду фаровонро доштанду бо армон аз дунё гузаштанд, шод бод! Бигзор кишвари мо ҳамчун диёри сулҳ, тараққиёт ва фаровонӣ боз ҳам шукуфону обод гардад! Худованд худ Ватани моро дар паноҳаш нигоҳ дорад! – гуфт Президент.

Уламо ба рӯҳи қурбониёни таъқиб ва ниёи мо, ки дар роҳи озодии Ватан ҷон фидо намудаанд, дуо намуда, пойдор будани сулҳу оромӣ, файзу баракатро дар кишварамон таманно карданд.