Сарвари
давлат нахуст аз Дирексияи сохтмони Тошканди Нав боздид
намуд. Дар ин ҷо дар асоси нақшаи бузурги шаҳр ва харитаи рақамии он маълумот
оид ба ҷараёни умумии корҳои сохтмонӣ, ҷойгиршавии мутақобилаи иншооти бузург
ва нақшаҳои минбаъдаи ободонӣ пешниҳод гардид.
Масъалаҳои
рушди ҳамоҳанги инфрасохтори нақлиётӣ ва муҳандисӣ дар баробари сохтмони
иншоот, пайванди минтақаҳои сабз бо фазоҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳамгироии Тошканди
Нав бо қисми мавҷудаи пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки ҳамаи
лоиҳаҳо бояд дар доираи консепсияи ягонаи шаҳрсозӣ амалӣ гардида, сифати баланд
ва ҳамоҳангии меъморӣ таъмин карда шавад.
Сипас
Президенти мамлакат бо ҷараёни сохтмони шаҳраки нави таълимии Донишгоҳи миллии
омӯзгории Ӯзбекистон ба номи Низомӣ дар Тошканди
Нав шинос гардид.
Ин
маҷмаа дар доираи марҳилаи аввали сохтмони Тошканди
Нав бунёд мешавад. Айни ҳол дар биноҳои ректорат ва як қатор факултетҳо корҳои
ниҳоии сохтмонӣ ва ороишӣ идома доранд.
Сарвари
давлат фазои дохилии биноҳо, ҷойгиршавии синфхонаҳо ва утоқҳои маъмурӣ, шабакаҳои
муҳандисӣ, инчунин корҳои ободонии ҳудудро аз назар гузаронд. Масъулон оид ба ҷараёни
сохтмон, муҷаҳҳазсозии биноҳо ва омодасозии кампус ба баҳрабардорӣ ҳисобот доданд.
Ба таркиби шаҳраки нави донишгоҳ биноҳои таълимӣ,
озмоишгоҳҳои илмӣ, маркази иттилоотӣ-захиравӣ, китобхонаи электронӣ, хобгоҳҳои
донишҷӯён, иншооти варзишӣ ва фарҳангӣ дохил мешаванд. Дар ин ҷо муҳити ягонае
фароҳам оварда мешавад, ки таҳсил, таҳқиқоти илмӣ ва ҳаёти донишҷӯёнро муттаҳид
месозад.
Дар донишгоҳ ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии таҳсилот
ба таври марҳилавӣ, инчунин такмили низоми идоракунӣ дар асоси таҷрибаи Донишгоҳи
«Ӯзбекистони Нав» пешбинӣ гардидааст. Раванди таълим тавассути платформаҳои
муосири рақамӣ идора хоҳад шуд.
Баъдан Сарвари давлат бо ҷараёни сохтмони бинои нави
Китобхонаи миллии Ӯзбекистон дар Тошканди Нав шинос шуд.
Ин иншоот ҳамчун яке аз марказҳои муҳими илмӣ-маърифатии
шаҳри нав бунёд мегардад. Сохтмони Тошканди Нав пеш аз ҳама аз иншооти соҳаи
маориф ва маърифат оғоз гардидааст ва Китобхонаи миллӣ дар ин консепсия мавқеи
муҳимро ишғол мекунад.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ дар маҷмаа 90 фоиз анҷом
ёфта, ба истифода додани китобхона дар соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бинои чорқабата бо масоҳати умумии зиёда аз 30 ҳазор
метри мураббаъ имконият дорад ҳамзамон ба 1 ҳазору 420 хонанда хидмат расонад.
Дар симои меъмории он анъанаҳои миллӣ ва роҳкорҳои муосир ба таври ҳамоҳанг таҷассум
ёфтаанд.
Дар китобхона утоқҳои махсуси муосир барои нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ,
таъмини бехатарӣ ва безараргардонии фонди китобҳо ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин
дастрасии онлайн ба пойгоҳҳои электронии бузургтарин китобхонаҳои миллӣ ва хориҷӣ
таъмин мегардад.
Барои шаҳрвандони нобино муҳити махсуси таълимӣ ва таҳқиқотӣ
фароҳам оварда мешавад. Инчунин қаҳвахона барои 300 нафар, галерея, минтақаҳои
варзишӣ ва ҷойҳои истироҳат пешбинӣ шудаанд. Бо ин тартиб китобхона ба маркази
муосири муттаҳидкунандаи мутолиа, таҳқиқоти илмӣ ва муоширати фарҳангиву
маърифатӣ табдил хоҳад ёфт.
Дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ бо сифати
баланд анҷом ёфта, фонди китобхона, хизматрасониҳои рақамӣ ва шароити муносиб
барои хонандагон ба таври ҳамоҳанг ташкил карда шаванд.
Нуқтаи
навбатии боздид шаҳраки нави Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» буд.
Ин
маҷмаа, ки дар масоҳати 50 гектар бунёд мешавад, барои 10 ҳазор донишҷӯ пешбинӣ
гардидааст. Дар баробари биноҳои факултетҳо ва ректорат, дар ин ҷо китобхона,
осорхона, толорҳои намоишгоҳӣ ва мултимедиявӣ, маҷмааи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ
ва хобгоҳҳои донишҷӯён ҷойгир хоҳанд шуд.
Дар шаҳраки нави донишгоҳ ба ташкили муҳити ягона, ки таҳсил,
таҳқиқоти илмӣ, навоварӣ ва ҳаёти донишҷӯёнро муттаҳид месозад, таваҷҷуҳи
махсус зоҳир шудааст.
Таъкид гардид, ки ин муассисаҳои таълимӣ ва маърифатӣ дар
Тошканди Нав муҳити муосири илмӣ ва таълимиро ташаккул дода, барои рушди дониш
ва истеъдоди ҷавонон мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамчунин ҷараёни сохтмони варзишгоҳи муосири футбол дар
Тошканди Нав мавриди боздид қарор гирифт.
Сохтмони ин варзишгоҳ, ки барои 55 ҳазор тамошобин пешбинӣ
шудааст, моҳи ноябри соли 2025 оғоз гардида, айни замон 65 фоизи корҳои сохтмонӣ
анҷом ёфтааст.
Ин
варзишгоҳ майдони асосии баргузории чемпионати ҷаҳон
оид ба футбол байни ҷавонони то 20-сола хоҳад шуд, ки соли 2027 баргузор
мегардад. Дар ин ҷо бозиҳои ниманиҳоӣ ва финалии мусобиқа гузаронида мешаванд.
Маҷмааи
шашқабатаи варзишӣ пурра мутобиқ ба талаботи ФИФА бунёд мегардад. Дар он барои
варзишгарон, мухлисон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма тамоми шароити
муосир муҳайё хоҳад шуд.
Барои
ҳаракати қулайи тамошобинон зиёда аз 10 эскалатор насб карда мешавад. Дар ҳудуди
варзишгоҳ се майдони тамринӣ ва таваққуфгоҳ барои 5 ҳазору 500 мошин бунёд
мегардад. Ҳамчунин дар наздикии варзишгоҳ истгоҳи метро сохта хоҳад шуд.
Дар симои меъмории иншоот роҳкорҳои муосир бо анъанаҳои
миллӣ ҳамоҳанг гардидаанд. Ба принсипҳои «энергияи сабз», «идоракунии оқилона» ва
устувории экологӣ диққати махсус дода шудааст.
Қайд
гардид, ки ин варзишгоҳ на танҳо барои баргузории мусобиқаҳои бузурги
байналмилалӣ хизмат хоҳад кард, балки ба рушди варзиши ҷавонон, омодасозии
футболбозони касбӣ ва густариши инфрасохтори муосири варзишии кишвар низ
мусоидат менамояд.
Сарвари
давлат дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати
баланд анҷом дода шуда, ҳамгироии мутаносиби варзишгоҳ бо низоми нақлиёт ва муҳити
умумии шаҳрсозии Тошканди Нав таъмин карда шавад.