Ба ҳайати ин номинатсия 10 объекти нодири меъмории модернистии Тошканд дохил гардида, онҳо расман ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуданд. Ин қарор қадами муҳими таърихӣ дар роҳи эътирофи байналмилалии мероси меъмории модернизми Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мақомоти байниҳукуматӣ мебошад, ки оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳимтарин ёдгориҳои фарҳангӣ ва табиии ҷаҳон дар доираи Конвенсияи соли 1972 оиди ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳонӣ қарор қабул мекунад. Ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кори ҷаласаи 48-уми Кумита, ки аз 19 то 29 июли соли 2026 дар шаҳри Пусан баргузор шуд, фаъолона иштирок намуд.

Ба рӯйхат иншооти зерин дохил шуданд: бинои истиқоматии «Жемчуг», Осорхонаи давлатии таърихи Ӯзбекистон, Қасри «Дӯстии халқҳо», Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон, бинои Сирки давлатии Тошканд, Толори марказии намоишгоҳи Академияи санъати Ӯзбекистон, Қасри миллии санъати кинои Ӯзбекистон, бозори «Чорсу», истгоҳи метрои «Космонавтҳо», инчунин маҷмааи офтобии «Офтоб», ки дар вилояти Тошканд ҷойгир аст.

Иншооти мазкур намунаҳои барҷастаи меъмории модернистии нимаи дуюми асри XX буда, дар онҳо қарорҳои муосири меъморӣ бо анъанаҳои миллии Осиёи Марказӣ ба таври ҳамоҳанг муттаҳид шудаанд.

Бо қабули ин қарор номинатсияи «Меъмории модернизми Тошканд. Модернизм ва анъанаҳои Осиёи Марказӣ» шашумин объекти мероси фарҳангии Ӯзбекистон гардид, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст. Ҳамзамон, ин аввалин номинатсияи миллии Ӯзбекистон мебошад, ки тайи 25 соли охир ба ин феҳристи бонуфуз шомил гардид.

Илова бар ин, Ӯзбекистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) гардид, ки мероси меъмории модернизми асри XX-ро ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намуд. Ин дастовард боз як натиҷаи муҳими талошҳои пайвастаи кишвар дар самти ҳифз, омӯзиши илмӣ ва муаррифии байналмилалии мероси меъморӣ мебошад.