Зимни музокирот ҷонибҳо татбиқи тавофуқҳоеро, ки дар натиҷаи
иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд ба даст омада
буданд, баррасӣ намуданд.
Ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, ҷорӣ намудани
технологияҳои зеҳни сунъӣ, дастгирии саноатҳои эҷодӣ, густариши имкониятҳои
пешвоии занон, инчунин ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир
гардид.
"Ҳар як мулоқот
дар қароргоҳи ЮНЕСКО барои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии мо имкониятҳои
нав фароҳам меорад", - таъкид карда Саида Мирзиёева.