Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи пуршавии обанборҳо ва
таъмин намудани минтақаҳои кишоварзии ҷануби кишвар бо захираҳои обӣ равона
шудааст. Марҳилаи
пурраи татбиқи барнома 17 майи соли 2026 оғоз гардид, хабар медиҳад агентии
иттилоотии «Казинформ».
Интизор
меравад, ки технология ба коҳиши паёмадҳои хушксолӣ ва норасоии об барои заминҳои
кишоварзии вилояти Туркистон, ки масоҳати онҳо зиёда аз 911 ҳазор гектарро
ташкил медиҳад, мусоидат намояд.
Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии метеорологии Аморати Муттаҳидаи Араб амалӣ мегардад, ки таҷрибаи
чандинсола дар самти технологияҳои тағйирдиҳии обу ҳаворо дорост.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, технологияҳои афзоиши
сунъии боришот метавонанд ҳаҷми боронро нисбат ба нишондиҳандаҳои табиӣ аз 10
то 20 дарсад зиёд намоянд. Чунин таҷриба аллакай дар Чин, Иёлоти Муттаҳидаи
Амрико, Аморати Муттаҳидаи Араб, Фаронса ва Арабистони
Саудӣ истифода мешавад.
Гуфта мешавад, ки технология ба таври маҳаллӣ — асосан
дар минтақаҳое, ки эҳтиёҷ ба об бештар аст, истифода хоҳад шуд. Радиуси таъсир
аз 5 километр зиёд нест. Барои иҷрои корҳо реагентҳои махсус дар асоси намакҳо
истифода мешаванд, ки дар амалияи байналмилалӣ маъмуланд.
Ба арзёбии мутахассисон, самараи иқтисодии лоиҳа
метавонад солона то 35 миллиард тангаро ташкил диҳад, ки ин аз ҳисоби беҳтар
шудани таъминоти об ва афзоиши ҳосилнокӣ ба даст меояд.