Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом ба роҳбари кишвари мо салому дуруд ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро расонд.
Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Қазоқистон баррасӣ шуданд.
Ба робитаҳои фаъоли Маъмуриятҳои президентҳо, парламентҳо, ҳукуматҳо, минтақаҳо ва доираҳои соҳибкории ду кишвар баҳои баланд дода шуд.
Гардиши мол миёни ду кишвар мунтазам афзоиш ёфта, лоиҳаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, сохтмон ва ҳифзи муҳити зист амалӣ мешаванд. Ҳамчунин, табодули судманди фарҳангӣ ва башардӯстона ба роҳ монда шудааст.
Аҳамияти татбиқи амалии қарорҳои дар сатҳи олӣ қабулшуда, инчунин таҳияи тақвими чорабиниҳо барои соли оянда таъкид гардид.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор ба амал омад.