Талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат пайваста тағйир меёбанд. Имрӯз шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 168 миллион нафар мерасад. Аз як тараф, дар кишвари мо шаҳрвандоне ҳастанд, ки мехоҳанд дар хориҷи кишвар кор кунанд, аз ҷониби дигар, дар як қатор давлатҳо талабот ба мутахассисони соҳибихтисос меафзояд. Сарвари давлат зарурати ба ҳам пайвастани ин имкониятҳоро таъкид намуда, дастур дод, ки омодасозии мақсадноки шаҳрвандон барои ишғоли ҷойҳои кории мушаххас ба роҳ монда шавад.

Дар солҳои охир ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии муташаккил густариш ёфт. Агар қаблан бо се давлат ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда бошад, имрӯз шумораи онҳо ба 27 расидааст. Шумораи корфармоёни бузурги хориҷие, ки бо онҳо ҳамкорӣ барқарор шудааст, қариб 400 адад афзудааст. Бо вуҷуди он ки дар давоми даҳ соли охир шумораи ҳамватанони дар хориҷи кишвар коркунанда ду баробар кам шудааст, ҳаҷми маблағҳои интиқолии онҳо ба оилаҳояшон чор баробар афзудааст. Ин бори дигар аҳаммияти бо ҷойҳои кори сердаромад ва тахассуси баланд таъмин намудани шаҳрвандонро нишон медиҳад.

Дар баробари ин, байни нишондиҳандаҳои минтақаҳо тафовути зиёд боқӣ мемонад. Масалан, дар вилояти Фарғона ҳаҷми миёнаи моҳонаи интиқоли маблағ ба ҳар як нафаре, ки дар хориҷи кишвар кор мекунад, 1850 долларро ташкил медиҳад, ҳол он ки дар баъзе минтақаҳо ин нишондиҳанда ҳатто ба 400 доллар намерасад. Дар ин робита, ба зиммаи ҳокимон, сафирон ва роҳбарони техникумҳо вазифа гузошта шуд, ки фаъолияти худро дар самти омода кардани шаҳрвандон барои ҷойҳои кори сердаромад бозбинӣ намоянд.

Дар Олмон, Туркия, Словакия ва Қатар таҷрибаи мусбати ба роҳ мондани ҳамкории корфармоён бо техникумҳо мавҷуд аст. Таъкид гардид, ки сафирон дар дигар кишварҳо низ бояд имкониятҳои бозорҳои маҳаллии меҳнатро ба ҷойҳои кории мушаххас ва барномаҳои омодасозии мутахассисон табдил диҳанд.

Иттиҳоди Аврупо бори нахуст масъалаи ҷалби мутахассисон аз Осиёи Марказиро ба стратегияи муҳоҷирати худ ворид кардааст. Дар Британияи Кабир низ ба 33 ҳазор нафар коргар эҳтиёҷ вуҷуд дорад. Аммо ҳамватанони мо асосан барои иҷрои корҳои мавсимии кишоварзӣ ба ин кишвар мераванд. Дар ин замина, вазифа гузошта шуд, ки бо корфармоён дар соҳаҳои тиб, логистика ва саноат созишномаҳои мушаххас ба даст оварда, имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ бо Италия истифода шаванд ва масъалаи иштирок дар барномаи «Ҳаракатнокии ҷавонон» ҳаллу фасл гардад.

Президент таъкид кард, ки донистани забонҳои хориҷӣ яке аз шартҳои асосии ба кор таъмин шудан дар ҷойҳои кори сердаромад мебошад. Дар кишвари мо 200 ҳазор ҷавон забони англисиро омӯхта, соҳиби сертификатҳои дахлдор шудаанд. Зарур аст, ки имкониятҳои бо кор таъмин намудани онҳо дар ИМА, Канада, Австралия, Зеландияи Нав ва дигар кишварҳо васеъ карда шаванд.

Танҳо дар соли ҷорӣ аз Олмон барои ҷалби 45 ҳазор мутахассис дархост ворид шудааст, аммо ҳамагӣ 2 ҳазор нафар бо кор таъмин гардидаанд. Яке аз сабабҳои асосии ин норасоии кадрҳои донандаи забони олмонӣ мебошад. Аз ин рӯ, аҳаммияти ҳамзамон ба роҳ мондани омӯзиши касб ва забон, инчунин ворид намудани талаботи корфармоёни хориҷӣ ба барномаҳои таълимии техникумҳо таъкид гардид.

Супориш дода шуд, ки дар ду-се техникуми ҳар як минтақа дар баробари омӯзиши касб таълими забони олмонӣ низ ба роҳ монда шавад. Дар маркази байналмилалии таълимии «Intil» бо иштироки ширкати «Telc» аллакай омодасозии 100 омӯзгори забони олмонӣ оғоз гардидааст. Соли оянда онҳо ба фаъолияти омӯзгорӣ дар техникумҳои минтақаҳо ҷалб карда мешаванд. Ҳамчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки боз 500 нафар омӯзгори донандаи забони олмонӣ барои таълим дар мактабҳо ва техникумҳо ҷалб гардида, фармоиши давлатӣ барои омода кардани омӯзгорони ин забон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ду баробар зиёд карда шавад.

Муовинони якуми ҳокимони вилоятҳо таҷрибаи маркази «Intil»-ро меомӯзанд ва соли оянда дар ҳар як минтақа маркази ягонаи муҳоҷирати меҳнатӣ таъсис медиҳанд. Барои ин мақсад ба ҳар як вилоят 8 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Вазифа гузошта шуд, ки соли оянда 10 ҳазор нафар касб ва забони олмониро омӯзанд ва минбаъд бо ҷойи кор дар Олмон таъмин карда шаванд.

Ширкатҳои бузурги хориҷӣ ба омода намудани мутахассисони мавриди ниёзи худ дар заминаи техникумҳои Ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Бо ин мақсад, дар давоми як моҳ интихоб намудани 20 техникум ва мутобиқ сохтани барномаҳои таълимии онҳо ба талаботи корфармоёни хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳар як минтақа боз ду-се техникум ба идораи соҳибкорони бузург дода шавад. Дар заминаи онҳо ҳар сол на камтар аз 30 ҳазор мутахассиси дорои малакаҳои зарурии касбӣ омода карда мешаванд.

Чунин техникумҳо ба муҳлати 15 сол ба идоракунии соҳибкорон супурда мешаванд ва хатмкунандагони онҳо соҳиби сертификатҳои тахассусии намунаи давлатӣ мегарданд. Пешбинӣ шудааст, ки хароҷоти омодасозии кадрҳо ва муҷаҳҳазгардонии техникумҳо аз манбаи андозбандӣ тарҳ карда шуда, барои хатмкунандагоне, ки дар хориҷи кишвар бомуваффақият бо кор таъмин мешаванд, грантҳо ҷудо карда шаванд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин фаъолияти агентиҳои хусусии шуғли аҳолӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Пас аз содда шудани тартиби иҷозатномадиҳӣ дар давоми ду сол шумораи онҳо се баробар ва теъдоди шаҳрвандоне, ки тавассути ин агентиҳо дар хориҷи кишвар бо кор таъмин шудаанд, панҷ баробар афзудааст.

Аз соли оянда ваколатҳои фиристодани шаҳрвандон ба кор дар хориҷи кишвар ба агентиҳои боэътимоди хусусии шуғли аҳолӣ вогузор карда мешаванд. Барои ҳар як шаҳрванде, ки ба ҷойи кори сердаромад таъмин мегардад, ба агентиҳо ҳамчун ҳавасмандгардонӣ 1,5 миллион сӯм пардохт карда мешавад. Ҳамчунин, ҷорӣ намудани раддабандии шаффофи агентиҳо пешбинӣ шудааст, ки меъёрҳои асосии он натиҷаҳои бо кор таъминкунӣ, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ хоҳанд буд.

Танҳо дар соли ҷорӣ имкони бо кор таъмин намудани 287 ҳазор нафар дар 34 кишвари ҷаҳон мавҷуд аст. Аммо огоҳонии шаҳрвандон аз ин имкониятҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Минбаъд маълумот дар бораи ҳар як ҷойи корӣ дар хориҷи кишвар, талабот ба мутахассисон, сатҳи дониши забонҳои зарурӣ ва имкониятҳои омӯзиш ба сокинон дар сатҳи маҳаллаҳо расонида мешавад. «Ҳафтгонаи маҳалла» маълумоти шаҳрвандони хоҳишманди кор дар хориҷи кишварро ба платформаи «Маҳаллаи онлайн» ворид мекунад. Ҳокимон ва идораҳои масъул барои омодасозии касбӣ ва забонии онҳо, инчунин бо кор таъмин намудани минбаъдаашон масъул хоҳанд буд. Натиҷаҳои ин фаъолият ҳар моҳ дар сатҳи ҳокимони вилоятҳо ва ду маротиба дар як моҳ дар сатҳи ҳокимони ноҳияҳо баррасӣ карда мешаванд.

Аз сафирон талаб карда мешавад, ки танҳо бо бастани созишнома бо корфармоён маҳдуд нашуда, тавассути дипломатияи иқтисодӣ масъалаҳои ҷудо намудани квотаҳо, ба расмият даровардани раводидҳои корӣ ва эътирофи тахассуси мутахассисонро низ ҳал намоянд. Онҳо якҷо бо ҳокимон барои тамоми раванд — аз бо кор таъмин намудани шаҳрвандон то мутобиқшавии онҳо ба шароити нави зиндагӣ масъул хоҳанд буд.

Ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи ҳамватанони дар хориҷи кишвар коркунанда низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Минбаъд шаҳрвандоне, ки дар вазъияти душвор қарор мегиранд, метавонанд муроҷиати худро тавассути платформаи «Маҳаллаи онлайн» ирсол намоянд. Дар ҳолатҳои зарурӣ сафир шахсан ба ҳалли мушкилоти онҳо машғул мешавад. Ҳамчунин, ба зиммаи ҳокимон вазифаи дастгирии оилаҳо, падару модарон ва фарзандони шаҳрвандони дар хориҷи кишвар коркунанда гузошта шуд.

— Ҳеҷ як ҳамватани мо, ки дар хориҷи кишвар кор мекунад, набояд бо мушкилоти худ танҳо монад, — таъкид кард Сарвари давлат.

Дар машварат масъалаҳои бо шуғл таъмин намудани шаҳрвандоне, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргаштаанд, низ баррасӣ шуданд. Аз аввали сол то имрӯз 1 миллиону 116 ҳазор нафар ба Ватан баргаштаанд. Дар байни онҳо мутахассисоне ҳастанд, ки дар хориҷи кишвар дар соҳаҳои саноат, сохтмон, логистика ва хизматрасонӣ таҷрибаи корӣ андӯхтаанд. Таъкид гардид, ки ҳокимон ва роҳбарони соҳаҳо бояд бо истифода аз зарфиятҳои касбии онҳо ҷойҳои кори муносиб пешниҳод намоянд.

Бо ин мақсад, платформае таъсис дода мешавад, ки дар он маълумот дар бораи ҷойи кори пешина, касб ва собиқаи меҳнатии шаҳрвандони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта инъикос меёбад. Супориш дода шуд, ки то охири сол барои 250 ҳазор нафари онҳо ҷойи кори мувофиқ пайдо карда, ба хоҳишмандоне, ки ба соҳибкорӣ машғул шудан мехоҳанд, кумаки зарурӣ расонида шавад.

Масъалаи эътирофи собиқаи меҳнатӣ ва ҳуқуқҳои нафақавие, ки шаҳрвандон дар давраи фаъолият дар хориҷи кишвар ба даст овардаанд, низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Имрӯз ҳамватанони мо дар беш аз 40 кишвар ба таври қонунӣ кор карда, саҳмҳои нафақавӣ пардохт менамоянд. Соли ҷорӣ оид ба ин масъала бо Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд. Супориш дода шуд, ки бо дигар кишварҳое, ки дар онҳо шумораи зиёди шаҳрвандони мо фаъолият доранд, низ чунин созишномаҳо ба даст оварда шаванд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои танзими ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба кишвари мо низ баррасӣ гардиданд. Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ӯзбекистон ба муддати тӯлонӣ иқомат доранд, ба 250 ҳазор нафар наздик шудааст. Аз ин шумора 36 ҳазор нафар иҷозатномаи кор гирифта, боз 24 ҳазор нафари дигар донишҷӯ мебошанд. Таъкид гардид, ки зарур аст маълумот дар бораи шуғл ва манбаъҳои даромади боқимондаи шаҳрвандони хориҷӣ мушаххас карда шавад. Ҳамчунин, муҳим будани он таъкид гардид, ки пеш аз ҳама ба шаҳрвандони кишвари худ ҷойҳои нави корӣ пешниҳод карда шаванд.

Дар ҷараёни ҷамъомад бо соҳибкороне, ки  дар ин соҳа фаъолият менамоянд, низ муколама сурат гирифта, ҳисоботи роҳбарони минтақаҳо шунида шуданд.