Илова бар ин, маҷмӯи санадҳои дуҷониба, ки самтҳои гуногуни шарикии ҳамаҷониба ва дарозмуддатро фаро мегиранд, ба имзо расиданд. Аз ҷумла:
– Протокол оид ба васеъ намудани номгӯи молҳо дар доираи Созишнома дар бораи савдои имтиёзнок;
– Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъминоти иҷтимоӣ ва созишномаи маъмурӣ оид ба татбиқи он;
– Протоколи иловагӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Протокол оид ба мубодилаи пешакии иттилоот дар бораи интиқоли молҳо ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳадҳои давлатии ду кишвар аз 29 марти соли 2022.
Санадҳои баимзорасида ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои доираҳои соҳибкорӣ, инчунин таъмини ҳифзи самараноки ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандони ду кишвар равона шудаанд.