Дар фурудгоҳи байналмилалии Бухоро меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамсараш пешвоз гирифтанд.

Маросими бошукӯҳи истиқбол баргузор шуда, сурудҳои миллӣ садо доданд ва рақсҳои мардумӣ иҷро гардиданд.

Имрӯз роҳбарони давлатҳо аз ёдгориҳои таърихии Бухорои қадим дидан мекунанд. Ҳамчунин шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.