Чим ҳамчун «маҳаллаи дорои симои Ӯзбекистони Нав» рушд мекунад. Дар ин ҷо беш аз 5,5 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан нисфи онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Барои навсозии инфрасохтор 55 миллиард сӯм равона гардидааст. Дар маҳалла кӯдакистон бо 240 ҷой, мактаб бо 640 ҷой, марказҳои маҳалла ва ҷавонон, инчунин боғи истироҳатӣ сохта шудаанд. Илова бар ин, 4,5 километр роҳ бунёд гардида, низомҳои таъминоти барқ ва обёрӣ нав карда шудаанд.
Дар майдончаи кӯдаконаи маркази маҳалла сарвари давлат бо кӯдакон ва модарони онҳо суҳбат кард. Дар китобхона бошад, аз ҳадафу орзуҳои писарону духтарон пурсон шуд.
Зимни суҳбат Президент ба муносибати Рӯзи забони ӯзбекӣ аз эҷодиёти Абдулло Орипов, Эркин Воҳидов ва Ҳалима Худойбердиева ёдовар шуда, таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба забони модарӣ, адабиёти миллӣ ва мероси ниёгон рӯз ба рӯз меафзояд.
— Имрӯз мо ба забони худ, худшиносӣ ва ҳувияти миллиамон боз ҳам бо эҳтироми бештар муносибат мекунем. Мардум дубора ба китобхонӣ рӯ меоранд. Мо мероси маънавии ниёгонамонро эҳё мекунем. Чунин муҳити маънавӣ ва шароити мусоид дар маҳаллаи Чими ноҳияи Қамашӣ низ фароҳам оварда мешавад, — таъкид кард сарвари давлат.
Президенти мамлакат васеъ шудани имкониятҳои гирифтани маълумоти олӣ ва аҳаммияти омода намудани кадрҳои босаводу содиқ ба Ватанро барои ояндаи кишвар таъкид намуд.
— Агар пештар аз ҳар 100 ҷавон танҳо 9 нафар маълумоти олӣ мегирифтанд, имрӯз ин рақам ба 45 нафар расидааст. Таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон кори осон нест. Аммо барои ояндаи Ӯзбекистон кадрҳое заруранд, ки ифтихори миллӣ дошта бошанд ва Ватани худро дӯст доранд. Ман ба шумо бовар дорам. Ояндаи Ватани азизамон ва Қашқадарё дар дасти шумост, — гуфт Президент.
Дар маҳаллаи Чим барои афзоиши даромади аҳолӣ низ имкониятҳои нав фароҳам оварда шудаанд. Ба корхонае, ки ба қолинбофӣ ва гулдӯзӣ машғул буда, занонро бо ҷойи кор таъмин мекунад, 3,5 миллиард сӯм сармоягузорӣ шудааст.
Бо дастгирии бонкҳо дар қариб 20 хоҷагии хонагӣ гармхонаҳо бо масоҳати умумии 36 садяк замин ташкил карда шуда, барои нигоҳдории маҳсулот сардхона бо ғунҷоиши 200 тонна сохта шудааст. Дар натиҷаи ин тадбирҳо беш аз 80 шаҳрванди бекор бо кор таъмин гардидаанд.
Дар маҳалла парвариши лимӯ дар асоси кооператсия рушд меёбад. Аҳолӣ бо ниҳол, нуриҳо ва хизматрасониҳои агротехникӣ таъмин карда шуда, ҳосили парваришшуда бо нархи кафолатнок харидорӣ мешавад. Ба шарофати шинондани картошка, брокколи ва сабзавот дар байни дарахтон, ҳар як гармхона ба таври иловагӣ 14–16 миллион сӯм даромад меорад.
Дар маҳалла 70 соҳибкор фаъолияти худро васеъ карда, 20 субъекти нави соҳибкорӣ таъсис дода шудааст. Шумораи иншооти хизматрасонӣ дар канори шоҳроҳ аз 31 ба 137 адад расида, беш аз 200 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст. Дар 1,2 ҳазор хонаводаи маҳаллаи Чим ва маҳаллаҳои ҳамсоя дар асоси кооператсия гиёҳи алтей парвариш карда мешавад, ки дар саноати дорусозӣ ва косметикӣ истифода мегардад.
Дар анҷоми сафар Президенти мамлакат бо фаъолони маҳалла ва намояндагони насли калонсол мулоқот кард. Онҳо андешаҳои худро дар бораи тағйироте, ки дар маҳалла ба амал омадаанд, баён намуда, барои ободии кишвар ва ояндаи дурахшони ҷавонон дуои нек карданд.