Тавре қаблан хабар дода шуд, музокироти дуҷонибаи сатҳи олӣ дар пойтахти
Гурҷистон баргузор мегардад.
Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи Ӯзбекистон
ва Гурҷистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин, дар барномаи сафар иштирок дар як қатор чорабиниҳои фарҳангиву
гуманитарӣ низ дар назар аст.