Дар оғози ҷамъомад натиҷаҳои макроиқтисодӣ, ки дар семоҳаи
аввал ба даст омаданд, баррасӣ шуданд. Бахусус, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8,7,
саноат 8, хидматрасонӣ 16,1 ва кишоварзӣ 5,1 фоиз афзоиш ёфтанд. Ҳаҷми содирот 5,8
миллиард доллар ва сармоягузории хориҷӣ 13,7 миллиард долларро ташкил кард. Сатҳи
таваррум дар ҳисоби солона бори аввал то 7,1 фоиз поин рафт.
Дар
натиҷа тӯли моҳҳои январ–март даромадҳои буҷет нисбат ба соли гузашта 35 фоиз
зиёд шуда, ба 103 триллион сӯм расид. Дар буҷетҳои маҳаллӣ 2 триллиону 200
миллиард сӯм маблағи иловагӣ ташаккул ёфт. Муҳимтар аз ҳама, аз ин маблағ 1
триллиону 400 миллиард сӯм дар ихтиёри ноҳия ва шаҳрҳо гузошта шуд.
Сарвари
давлат таъкид намуд, ки барои дар сатҳи байналмилалӣ ба марҳилаи нав
баровардани иқтисодиёт ислоҳоти бонизом амалӣ мегардад. Аз ҷумла, моҳи оянда 30
фоизи дороиҳои давлатӣ ба маблағи 2 миллиарду 400 миллион доллар бори аввал ба
бозорҳои байналмилалии молиявӣ бароварда мешаванд. Ин ба таъсиси Фонди миллии
сармоягузорӣ ва вогузории идоракунии 13 корхонаи стратегӣ ба ширкати бонуфузи
«Franklin Templeton» вобаста мебошад.
Таъкид
гардид, ки дар гузориши ҳафтаи гузаштаи Хазинаи байналмилалии асъор, рушди пурзӯр
ва устувори иқтисодии худро нигоҳ доштани Ӯзбекистон тавассути фаъолии баланди
иқтисодӣ зикр гардидааст. Ҳамчунин, соли ҷорӣ кишвари мо дар «Шохиси озодиҳои иқтисодӣ»
14 зина боло рафта, бори аввал дар радифи давлатҳои дорои «иқтисоди мӯътадилу
озод» ҷой гирифт.
Ҳамзамон,
Президент таъкид кард, ки аз натиҷаҳои семоҳаи аввал болидахотир шуда, хотирҷамъ
гардидан комилан нодуруст аст. Дар шароити кунунӣ, ки зиддиятҳои ҷаҳонӣ,
ихтилофҳо ва рақобат барои ҳукмронӣ шиддат мегиранд, иқтисоди ҷаҳонӣ дигар
мисли пешин “ором” нахоҳад буд. Гуфта шуд, ки дар чунин вазъ услуби кор,
муносибат ва ҷаҳонбинии худро куллан тағйир додани ҳамаи роҳбарон зарур аст.
Дар
ҷамъомад масъалаҳои рушди тиҷорати хурд ва миёна махсус таҳлил карда шуд. Имсол
тавассути бонкҳо ба ин самт 140 триллион сӯм равона мегардад. Аз ҳисоби ҳар 1
миллиард сӯм кредите, ки ба тиҷорати хурд дода шудааст, дар шаҳри Ширин 20-то,
дар Учқудуқ 17-то, дар Хонобод ва Сӯх 14-тоӣ ва дар ноҳияи Томдӣ 13 ҷойи кори
доимӣ таъсис ёфтааст.
Аммо
дар ноҳияҳои Учкӯприк, Пискент, Бӯстонлиқ, Кармана, Қӯрғонтепа ба ҳар 1
миллиард сӯм кредит ба ҳисоби миёна 3 ҷойи кор рост меояд.
Аз
ин рӯ, зарурати истифода аз имконоти зеҳни сунъӣ ҳангоми тақсимоти захираҳои
кредитӣ таъкид гардид. Ба масъулони соҳа супориш шуд, ки дар бонкҳои ноҳиявӣ
бозомӯзии кор бо зеҳни сунъӣ роҳандозӣ шавад, дар бонкҳо платформаи «Мушовири
зеҳни сунъӣ» ба кор дароварда шавад. Гуфта шуд, ки ин платформа бояд барои соҳибкорон
бо таҳлили параметрҳои лоиҳа, хавфҳо ва талаботи бозор барои гирифтани кредит
усулҳои роҳи ҳалро пешниҳод намояд.
Камбудиҳо
бобати кор бо соҳибкорон низ сахт танқид карда шуд. Зикр гардид, ки баъзе роҳбарон
ба ҷойи ҳалли мушкилоти соҳибкор, аз масъулият мегурезанд ва ҳангоми ба сатҳи ҷумҳурӣ
расидани масъала, бештар ба сафед кардани худ машғул мешаванд.
Масалан,
дар шаҳри Нурафшон ба ҷойи кӯмак ба соҳибкоре, ки ду сол боз бинобар монеаҳои
бюрократӣ сохтмонро оғоз карда наметавонад, масъулон бо ҷустуҷӯи он машғул
шудаанд, ки чӣ гуна ин маълумот то сатҳи Президент расидааст. Ҳамчунин қайд
гардид, ки дар ноҳияҳои Ғузор, Нарпай, Урганч, Янгийӯл, Чиноз новобаста аз ҷудо
гардидани 262 миллиард сӯм барои инфрасохтори соҳибкорӣ, лоиҳаҳо ҳанӯз оғоз
нашудаанд. Ба ҳокимони вилоятҳои дахлдор дастур дода шуд, ки мувофиқати ин роҳбаронро
ба вазифаи худ бозбинӣ намоянд.
Дар
ҷамъомад ба масъалаи ҷилавгирии таваррум диққати махсус дода шуд. Сарвари
давлат таъкид кард, ки баробари рушди иқтисод, таваррум ҳам афзоиш ёбад, дар ҳаёти
мардум ва соҳибкорон дигаргуниҳои мусбат мушоҳида нахоҳад шуд.
Аз
оғози сол дар ҷаҳон нархи нафт 40 фоиз боло рафтааст. Бар асари низоъҳо даҳлезҳои
логистикӣ тағйир ёфта, хароҷоти ҳамлу нақл барои содироти маҳсулоти маҳаллӣ ва
воридоти молҳои асосии истеъмолӣ 25–30 фоиз зиёд шудааст. Ин ба нархҳо дар
бозори дохилӣ фишори иловагӣ меорад.
Ҳамзамон
таъкид шуд, ки бо баҳонаи фишорҳои беруна, корҳои вобаста ба таваррум набояд ба
ҳоли худ гузошта шаванд. Гуфта шуд, ки 70 фоизи маҳсулот ва хидматрасониҳои
сабади истеъмолӣ маҳаллӣ мебошанд. Дар робита ба ин, дар назди масъулон ва ҳокимон
вазифа гузошта шуд, ки соли ҷорӣ барои нигоҳ доштани таваррум дар сатҳи 6,5
фоиз пешниҳоди маҳсулоти маҳаллиро зиёд намуда, нархҳоро арзон кунанд.
Масъалаҳои
амнияти озуқаворӣ низ ҳамаҷониба баррасӣ шуданд. Дар натиҷаи қатъшавиҳо дар
логистика, дар семоҳаи аввал воридоти чорвои калон ду баробар кам шудааст. Ҳамчун
роҳи ҳалли фаврӣ тартибе роҳандозӣ шуд, ки барои ҳар сар чорвои зотӣ, ки бо ҳавопаймо
интиқол дода мешавад, то 4 миллион сӯм, ҳамчунин ҳангоми воридоти гӯшт нисфи
хароҷоти нақлиётӣ ҷуброн карда мешавад.
Таъкид
гардид, ки дар семоҳаи дуюм воридоти 45 ҳазор тонна ва то охири сол дар маҷмӯъ
130 ҳазор тонна гӯшт бояд таъмин карда шавад. Ба масъулон супориш шуд, ки дар
кадом самт монеа пайдо шавад ё бор дар роҳ бозмонад, мунтазири муроҷиати соҳибкорон
нашуда, тавассути мониторинги онлайн фавран ҳал намоянд.
Дар
478 ҳазор гектар замини минтақаҳо кишти зироати хӯроки чорво ба нақша гирифта
шудааст. Аммо то ҳол дар 74 фоизи заминҳои хӯроки чорвои Намангон кишт анҷом
наёфтааст, дар ноҳияҳои Зарбдор, Қизилтеппа ва Поп, ки барои чорводорӣ
имконияти хуб доранд, кишти силос оғоз нагардидааст, дар Амударё, Ғиждувон, Хонқа
ва Бағдод низ корҳо дар ин самт ғайриқаноатбахш ҳастанд, ки ин ҳама танқид
карда шуд.
Дар
асоси низоми нав ба музояда гузоштани боз 100 ҳазор гектар замини кишт муайян
гардидааст. Гуфта шуд, ки ин заминҳо бояд ҳарчи зудтар ба музояда гузошта шуда,
барои кишт истифода шаванд. Таъкид гардид, ки ба соҳибкороне, ки плантатсияҳои
саноатӣ ташкил медиҳанд, имтиёз ва захираҳои молиявӣ дода мешаванд ва ба ҳокимони
вилоятҳо супориш шуд, ки имсол на кам аз 5 плантатсияи бузурги меваю сабзавоти
саноатиро ба таври намуна таъсис диҳанд.
Дар
ҷамъомад масъалаҳои саноат ва содирот низ аз нигоҳи танқидӣ таҳлил шуданд. Қайд
гардид, ки ноҳияҳои Қамашӣ, Қаршӣ, Миришкор, Арнасой, Шароф Рашидов, Янгиобод,
Навбаҳор, Косонсой, Қумқӯрғон, Фурқат, Шовот, Шайхонтаҳур ва Сергелӣ
натавонистанд нишондиҳандаҳои пешбинишудаи саноатро иҷро намоянд. Дастур
дода шуд, ки ба ҳокимони ин 13 ноҳия вобаста ба ҳаҷми камбуди иҷрои нақша чораҳои
интизомӣ андешида шаванд.
Гуфта
шуд, ки гарчанде пешниҳоди мис дар бозори дохилӣ зиёд шудааст, ҳаҷми коркарди
он моҳе аз 6 ҳазор тонна бештар намешавад. Дар натиҷа, дар семоҳаи аввал рушди
саноат дар соҳаи электротехника ба ҷойи 11,2 фоизи пешбинишуда 7,8 фоизро
ташкил дод, нишондиҳандаи содирот ҳамагӣ 57 фоиз иҷро гардид.
Ба
шахсони масъул супориш дода шуд, ки ба ҳар як корхонае, ки ҳаҷми истеҳсол ва
содироташ коҳиш ёфтааст, ташриф оварда, дар маҳал масъалаҳои марбут ба маблағгузории
содирот ва лоиҳаҳои сармоягузориро фавран ҳал намоянд. Вазифа гузошта шуд, ки
аз рӯи натиҷаи семоҳаи дуюм ҳаҷми истеҳсол дар соҳа ба 25 триллион сӯм ва
содирот ба 1 миллиард доллар расонида шавад.
Ҳамчунин
ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо ва ҳосилнокии меҳнат
дар корхонаҳо диққат дода шуд. Қайд гардид, ки бисёр кишварҳо дар саноат ва
бахши хизматрасонӣ усулҳои пешрафта, ба мисли «Кайдзен» ва «lean production»-ро
истифода мебаранд. Дар кишвари мо низ тақрибан 50 соҳибкор ба ҷорӣ намудани
чунин равишҳо шурӯъ кардаанд. Таъкид шуд, ки ин кофӣ нест, ба ин муносибат ба
Вазорати иқтисод ва молия супориш дода шуд, ки дар соли ҷорӣ дар 100 корхона
барномаҳои баланд бардоштани самаранокиро ҷорӣ намуда, барои ин 30 миллион
доллар грант ҷалб кунад.
Ҳамчунин
камбудиҳои соҳаи дастгирии содиркунандагон зикр гардид. Гарчанде ки дар шаш моҳи
охир 908 соҳибкор ба маблағи 3,6 миллиард доллар шартнома бастаанд, бинобар тағйир
ёфтани вазъияти шарикони хориҷӣ, онҳо натавонистанд содиротро оғоз намоянд.
Баъзе ҳокимон бошад, ба ҷои расонидани кумак вазъиятро ба ҳоли худ гузоштаанд.
Дар
натиҷа, дар ноҳияҳои Норин, Касбӣ, Шеробод, Ёзёвон ва Деҳнав дар семоҳаи аввал ҳаҷми
содирот бештар аз ду баробар коҳиш ёфта, ҳамчунин дар ноҳияҳои Шаҳрисабз, Учқудуқ,
Паркент, Тошканд, шаҳрҳои Ҷиззах, Навоӣ, Намангон, Ангрен, Бекобод ва
Нурафшон нақшаи содирот ҳатто ба 70 фоиз нарасид. Таъкид шуд, ки дар
сурати набудани афзоиши нишондиҳандаҳо аз рӯи натиҷаи нимсолаи аввал нисбати роҳбарони
ин минтақаҳо чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Масъалаи
истифодаи самараноки минтақаҳои саноатӣ низ баррасӣ гардид. Зери тозиёнаи танқид
гирифта шуд, ки дар 226 минтақаи саноатӣ, ки аз ҳисоби маблағи буҷет
инфрасохтори роҳ, барқ ва об фароҳам оварда шудааст, дар майдони 213 гектар то ҳол
татбиқи лоиҳаҳо оғоз нашудааст. Ҳамзамон қайд гардид, ки дар 27 минтақаи саноатӣ,
сарфи назар аз мавҷуд будани лоиҳаҳо, инфрасохтор то ҳол таъмин нашудааст.
Ба
муовинони ҳокимони вилоятҳо оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ супориш дода шуд, ки
барои ҷойгир намудани лоиҳаҳо дар қитъаҳои озоди минтақаҳои саноатии дорои
инфрасохтор портфели лоиҳаҳоро таҳия намоянд.
Ҳамчунин
масъалаи оптимизатсияи маъмурияти мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани фазои
нав барои тиҷорат муҳокима гардид. Қайд шуд, ки қисми зиёди кӯчаҳои марказӣ ва
серодами ноҳияҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ишғол шудаанд. Дар асоси «таҷрибаи
Кӯкдала» дар 19 ноҳия ва шаҳр ба марказҳои ягонаи маъмурӣ кӯчонидани идораҳои
давлатӣ оғоз ёфтааст.
Таъкид
гардид, ки татбиқи васеи ин чораҳо дар ҳамаи ноҳияҳо имкон медиҳад, ки ҳамасола
1,8 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ва 340 миллион метри мукааб газ дар
муассисаҳои давлатӣ сарфа карда шавад, инчунин 5 миллион метри мураббаъ майдон
барои тиҷорат озод гардад. Бо ин мақсад супориш дода шуд, ки барномаи панҷсола
таҳия гардида, аз соли ҷорӣ дар 26 ноҳия ба маконҳои ягона кӯчонидани идораҳои
давлатӣ оғоз шавад. Муқаррар гардид, ки ҳангоми сохтмони марказҳои нави маъмурӣ
майдони миёна барои як корманд набояд аз 15 метри мураббаъ зиёд бошад.
Ба
сифати лоиҳаҳои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарвари давлат
таъкид намуд, ки ҳар як лоиҳаи нав ва ҳар як доллари сармоягузорӣ бояд танҳо ба
фароҳам овардани арзиши иловагӣ, ҷойҳои кори сердаромад ва афзоиши содирот
хидмат намояд. Қайд шуд, ки барои ҳамаи роҳбарон бояд сифати сармоягузорӣ
меъёри асосӣ бошад.
Платформае
таъсис дода шудааст, ки пас аз ба кор даромадани лоиҳаҳои сармоягузорӣ мониторингро
амалӣ менамояд. Ба туфайли он, масалан, муайян гардид, ки аз 688 корхонае, ки
дар се соли охир фаъолият оғоз кардаанд, 210-тоашон бо иқтидори пурра фаъолият
намекунанд. Дар натиҷа, ба маблағи 33 триллион сӯм фоида аз истеҳсолот аз даст
рафта, 23 ҳазор ҷойи кор холӣ боқӣ мондааст.
Ба
шахсони масъул супориш дода шуд, ки барои ҳар як аз ин 210 корхона «харитаи роҳ»
таҳия намуда, муҳлатҳои мушаххаси ҳалли мушкилот ва иҷрокунандагони масъулро
муайян кунанд.
Дар
соли ҷорӣ мақсад гузошта шудааст, ки 53 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб
карда шавад. Президент таъкид намуд, ки сармоягузорӣ танҳо дар сурате босифат
хоҳад буд, ки роҳбарон аз ибтидо лоиҳаҳои дурустро интихоб намуда, барои онҳо
сармоягузорони мувофиқи иқтидорро пайдо кунанд.
Ба
ин муносибат бояд платформае ҷорӣ кард, ки бо истифода аз зеҳни сунъӣ иқтидорҳои
мавҷудаи истеҳсолӣ, талабот дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷиро таҳлил карда, қарорҳо
оид ба он ки дар кадом минтақаҳо кадом лоиҳаҳо бояд амалӣ шаванд, пешниҳод
намояд. Барои сармоягузорон ва ширкатҳои машваратӣ дастрасӣ ба ин платформа аз
рӯи принсипи «равзанаи ягона» фароҳам оварда мешавад.
Ҳамчунин
фаъолияти корхонаҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ таҳлил гардид. Дар кишвар зиёда
аз 18 ҳазор чунин субъект фаъолият мекунанд. Аммо 526 корхонае, ки хатҳои истеҳсолӣ
доранд, ҳеҷ гоҳ содирот анҷом надодаанд. Боз 767 корхона бо иштироки сармояи
хориҷӣ танҳо ба фурӯши молҳои воридотӣ машғуланд.
Зарурати
ба таври низомнок кор бурдан бо чунин корхонаҳо, ба онҳо пешниҳод намудани лоиҳаҳо
оид ба ташкили истеҳсолоти маҳаллӣ, ба роҳ мондани ҳамкории онҳо бо соҳибкорони
ватанӣ, рушди истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳо, инчунин дастгирии ширкатҳои
фаъол дар бозори дохилӣ барои баромадан ба содирот таъкид гардид. Ба масъулон
супориш дода шуд, ки дар ин самт барномаи алоҳида таҳия намоянд.
Дар
ҷаласа инчунин масъалаи густариши таҷрибаи платформаи «Ноҳияи оқил» ва марказҳои
таҳлилӣ-вазъиятӣ баррасӣ гардид. Ба қарибӣ, сарвари давлат бо натиҷаҳои ташкили
чунин платформа дар маркази таҳлилӣ-вазъиятии ноҳияи Мирзо Улуғбек шинос шуда
буд. Ҳокимони ҳамаи вилоятҳо ба ин ноҳия ташриф оварда, бо фаъолияти низоми
нав, инчунин бо намуди маҳаллаҳо ва раванди корҳои сохтмонӣ шинос шуданд.
Ба
ҳокимони вилоятҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлати ду моҳ дар асоси ин таҷриба
дар марказҳои вилоят ва шаҳрҳои калон чунин низомҳои таҳлилӣ-вазъиятиро ба роҳ
монанд.
Сарвари
давлат таъкид намуд, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳо дар шароити душвори имрӯза
роҳбарони ҳамаи сатҳҳо шахсан масъул ҳастанд. Қайд гардид, ки таъмини рушди иқтисодӣ,
нигоҳ доштани сатҳи таваррум, таъсиси ҷойҳои кор, афзоиши содирот, баланд
бардоштани сифати сармоягузорӣ ва ҳалли мушкилоти соҳибкорон бояд меъёрҳои
асосии фаъолияти ҳар як роҳбар бошанд.
Дар
ҷаласа ҳисоботи вазирон, роҳбарони соҳаҳо ва ҳокимон шунида шуд.