Амир Темур, ки Мовароуннаҳрро ба як давлати ягона муттаҳид сохт, империяи пуриқтидореро бо пойтахти он дар Самарқанд бунёд кард. Ӯ тавассути “Тузукоти Темур”-и ба ҷаҳон маъруф меъёрҳои ҳуқуқии идоракунии давлатро муқаррар намуда, инчунин дар рушди илм ва фарҳанг саҳми бебаҳо гузошт ва барои давраи Эҳёи Дуюм – Ренессанси Темуриён асос гузошт.
Ёдгориҳои нодири меъморӣ, ки дар давраи ҳукмронии ӯ бунёд шудаанд, имрӯз ифтихори миллӣ ва мероси ҷовидонаи таърихии мардуми мо ба ҳисоб мераванд.
Суханони хирадмандонаи ниёгони мо – «Бигзор адолат ҳамсафар ва роҳнамои мо дар ҳамаи корҳои мо бошад» имрӯз дар ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мешаванд, таҷассум меёбанд.
Бо мақсади таҷлили васеи 690-солагии ин шахсияти бузург 5 феврал Президент ба қарори дахлдор имзо кард.
Тибқи ин ҳуҷҷат, моҳи апрел моҳи Амир Темур эълон гардида, дар муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ ва маҳаллаҳо баргузории мулоқотҳо, мизҳои гирд ва суҳбатҳо бо иштироки олимони темуршинос, нависандагон ва аҳли фарҳанг пешбинӣ шудааст.
Дар доираи иҷрои ин қарор бинои Осорхонаи давлатии таърихи Темуриён бо истифода аз таҷрибаи беҳтарини осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон таҷдид гардида, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонда шуд. Ба шарофати рақамисозӣ имкониятҳои он васеъ шуда, экспозитсия бо намунаҳои нав, аз ҷумла аз коллексияҳои хориҷӣ ғанӣ гардонида шуд.
Аз ҷумла, дар ошёнаи якуми осорхона бахше таҳти унвони «Соҳибқирони бузург – асосгузори Эҳёи дуюм» ташкил шудааст. Дар ошёнаи дуюм бошад, экспозитсияҳои интерактивӣ дар бораи давраи Амир Темур ва Темуриён бо истифода аз зеҳни сунъӣ ва технологияҳои “смарт” фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин, намунаҳои 3D ва харитаҳои ҷуғрофӣ намоиш дода мешаванд.
Ҳангоми шиносоӣ бо экспозитсияи навшудаи Осорхонаи давлатии таърихи Темуриён ва шароити барои меҳмонон фароҳам овардашуда, Президент аҳамияти омӯзиш, тарғиб ва ҳифзи мероси ниёгонро таъкид намуд.
– Мо таърих ва меросе дорем, ки тамоми ҷаҳон метавонад бо он ифтихор кунад. Он чиз хушнудкунанда аст, ки осорхонае, ки дар он таърихи Соҳибқирон маҳфуз аст, навсозӣ шуда, ба талаботи замон ҷавобгӯ гардид. Акнун вазифаи асосии мо – расонидани ин ганҷина ба аҳолӣ, ҷавонон ва меҳмонони хориҷӣ мебошад. Агар шумо пурсед, ки барои боло бурдани Ӯзбекистони нав донишҳои заруриро аз куҷо метавон гирифт, ҷавоб дар ҳамин мерос ва донишҳои ниёгон нуҳуфтааст. Аз ин рӯ, зарур аст дар сатҳи маҳалла ҷавонон, калонсолон ва тамоми аҳолиро ба осорхонаҳо ҷалб намуда, дониши онҳоро дар бораи таърихи бузурги худ густариш диҳем, – таъкид кард Сарвари давлат.
Дар ҷараёни боздид Шавкат Мирзиёев дар китоби меҳмонони Осорхонаи давлатии таърихи Темуриён ёддошти хотиравӣ гузошт.