Танишҳои геосиёсии ҷаҳон, болоравии нархи захираҳои энергетикӣ ва ашёи хом, инчунин халалдор шудани занҷираҳои таъминот ва логистика дар аксар кишварҳо фишори таваррумиро афзоиш медиҳанд. Дар чунин шароит кам кардани хароҷоти аҳолӣ ва кумакрасонии мақсаднок ба оилаҳои ниёзманд аҳамияти хосса дорад.
Дар муаррифӣ масъалаҳои васеъ намудани механизмҳои мавҷудаи дастгирӣ дар пардохти маблағи неруи барқ, газ, ангишт ва хидматрасониҳои коммуналӣ баррасӣ шуданд.
Бахусус, пешниҳод дар бораи аз 200 то 350 киловатт-соат зиёд кардани меъёри пойгоҳии истеъмоли неруи барқ дар мавсими гармидиҳӣ барои маҳалҳое, ки шабакаи газ интиқол наёфтааст ё газ дастрас нест, маъқул дониста шуд.
Баррасӣ намудани масъалаи дар моҳи декабр ҷудо намудани кумаки якдафъаинаи моддӣ ба оилаҳои ниёзманд пешниҳод гардид.
Инчунин, пешниҳод дар бораи то 1 миллиону 430 ҳазор сӯм зиёд намудани меъёри даромад ба ҳар як узви оила, ки ҳангоми ҷуброни хароҷоти неруи барқ, газ, ангишт ва хидматрасониҳои коммуналии оилаҳои ниёзманди дар Феҳристи иҷтимоӣ сабтиномшуда татбиқ мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа доираи фарогирии дастгирӣ боз ба 166 ҳазор оила васеъ мегардад.
Пешниҳод гардид, ки муҳлати ҷуброни як қисми хароҷот барои истеъмоли аз меъёри базавӣ барзиёди неруи барқ ва газ то 1 апрели соли 2028 тамдид карда шавад. Бо ин тадбир фарогирии 470 ҳазор оила дар як сол пешбинӣ шудааст. Корҳо бобати ҳифзи гармии 3 ҳазор хонаводаи маҳаллаҳои дорои шароити вазнин ва бо таҷҳизоти каммасрафи барқ таъмин намудани онҳо низ идома хоҳанд ёфт.
Сарвари давлат ба Ҳукумат супориш дод, ки маблағҳои барои кумаки пешбинишударо сари вақт ҷудо намуда, ҳангоми муайян кардани оилаҳои ниёзманд ҳадафмандии дастгирӣ таъмин гардад ва ҷиҳати ба ҳар як оила расидани кумак назорат пурзӯр карда шавад.
Инчунин, аз рӯйи ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунанда ва интиқолдиҳандаи захираҳои энергетикӣ, баланд бардоштани самарадории идоракунӣ, кам кардани хароҷоти зиёдатӣ ва талафот дар соҳаҳо як қатор дастурҳо дода шуданд.